|
МАҲФИЛИ «ФАЙЛАСУФОНИ ҶАВОН» ДАР КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ФАЛСАФА
Рӯзи 26-уми ноябри соли 2020 тибқи нақшачорабиниҳо дар кафедраи фалсафаи умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили «Файласуфони ҷавон» баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки маҳфили «Файласуфони ҷавон» моҳе ду маротиба рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад. Маҳфилро мудири кафедра н.и.ф., дотсент Бердиев Шоҳназар.оғоз намуда, дар идома, донишҷӯён Ниёзов Дилшод ва Усмонова Шоҳона дар мавзӯи «Хусусиятҳои фалсафаи асрҳои миёнаи Аврупо ва Шарқи Исломӣ» ва Ғайратзода Шаҳло дар мавзӯи «Хусусиятҳои Фалсафаи давраи Эҳё» маърӯза намуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Об ҳастии инсон ва ҷомеъа
Аз қадимулайём об чун манбаи ҳайёт ва ҳастии тамоми олами наб ба ҳисоб меравад. Чор унсур дар ҳайёт муқаддасанд: об, хок, оташ ва бод, ки нахустини онҳо об аст. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кхонаву кӯчаҳо, обери заминҳо, ки асоси зиндагии мардум маҳсуб меёбад, истифода мебаранд.
Инсон бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ меронад. Об турбинаҳоро ба ҳаркат дароварда, ҷараёни барқ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи осёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Аз ин рӯ обро ҳамчун ҳастии олами наботот меҳисобанд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ПРЕЗИДЕНТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҶОНБУК «ДОКТОРИ ФАХРӢ»-И ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ ШУД
Имрӯз дар як ҷамъомади тантанавии донишгоҳ Президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея, ҷаноби О-Бонг Янг, бо унвони ифтихории «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сарфароз гардонида шуд. Ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода, зимни суханронии худ иброз дошт, ки ин иқдом дар заминаи густариши ҳамкориҳои дуҷониба сурат гирифта, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи робитаҳои илмӣ-таҳсилотӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.
|
|
|
ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЛИМПИАДА ДАР ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА
Санаи 25.11.2020 дар синфхонаи №18-и факултети математикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври дуюми олимпиадаи дохилидонишгоҳии донишҷӯён аз фанни математика баргузор гардид. Ҳайати комиссия декани факултет н.и.п. Неъматов Ғ., мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон буданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
Ҷавонон бар зидди ТЭТ ҲНИТ
Ҷавонони соҳибфарҳангу пуриродаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли,пешвои муазами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон руҳу илҳом гирифта, дар мамолики дурру наздик бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда истодаанд. Ҳамзамон бо интизоми намунавӣ таҳсил намуда ,дар корҳои созандагию ободонии мамлакатамон саҳми босазо гузошта номбардори миллати худ мегарданд.Чигунае, ки шиорашон чунин аст; «Сулҳдусти ,сулҳофарӣ.сулхпарварӣ аз беҳтарин хислатҳои
|
|
|
|
|
|
|
Страница 206 из 654 |