|
Хабарҳо
|
|
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

29 сентябри соли 2025 бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки нуҳ нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар озмуни мазкур бо ишғоли ҷойҳои намоён сазовори роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардиданд. Маъмурият ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ғолибонро барои ин дастоварди шоиста табрик гуфта, барояшон пирӯзиҳои нав дар даври ҷумҳуриявӣ орзу менамоянд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Ҷавоб ба тарғиботҳои ғаразноку зиддидинии хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар дар мавзўи «Тарвиҷи фасод ва рақсу шаҳватронӣ, давоми муборизоти режими раҳмон бар зидди ислом»
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои муаззами мо, Президенти муҳтарами мо, наҷотдиҳандаи давлату миллати мо, пуштибони дину мазҳаби мо аз ҷониби тамоми мусулмонони дунё ва мардуми араб ба ҳайси беҳтарин ва ҷасуртарин пуштибони дини мубини Ислом эътироф гардидаву эҳтиром мешавад. Дар арсаи байналмилалӣ ва аз минбари баланди СММ аввалин шуда бо ҷасорату далелҳои раднашаванда дини мубини Исломро аз терроризму экстремизм ҷудо
|
|
Хабарҳо
|
|
ДУ ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» РОҲХАТ ГИРИФТАНД
29 сентябри соли 2025 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон баргузор гардид. Боиси ифтихори аҳли омӯзгорону хонандагон аст, ки ду нафар хонандаи литсей ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, Раҷабзода Алиҷон дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» ҷойи дуюм ва Раҷабзода Бузургмеҳр дар номинатсияи «Химия» ҷойи сеюмро сазовор гардид. Ғолибон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
|
|
|
ИДОМАИ КОРИ КОМИССИЯИ АТТЕСТАТСИОНӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ
Субҳи имрӯз, 21.11.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ комиссияи аттестатсионӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ идома дод. Дар рӯзи дуюм, комиссия кори худро аз факултети технология ва соҳибкорӣ оғоз намуда, бояд то охири рӯз факултетҳо ва кафедраҳои забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, франсузӣ, арабӣ бояд аз аттестатсия гузаронида шаванд.
|
|
Хабарҳо
|
|
СОҲИБИХТИЁРИИ ДАВЛАТӢ ВА ОЗОДИҲОИ ДИННӢ
Барои мо тоҷикон дар замоне, ки кишварро бесарусомониҳои зиёде фаро гирифта буд,соҳибистиқлол шудану роҳбари хирадмандро интихоб кардан бузургтарин неъмат буд. Ҳеҷ неъмате, ҳеҷ арзише дар зиндагии инсон бидуни ҳикмат ва заҳмате муяссар нахоҳад шуд.
Соҳибизтиёрии зери таъсири равандҳои ҷаҳонӣ насибгардида, ки ба андешаи иддае осон ба даст омадааст, дар асл имтиҳонҳои вазнини сохтани низоми иқтисодӣ, бунёди шакли идораи давлатӣ, таъмини амнияти ҷамъиятию давлатӣ ва ҳифзи истиқлолиятро ҳамчун масъалаи муҳими бақо ва фано вазифагузори
|
|
|
|
|
|
|
Страница 212 из 654 |