|
Хабарҳо
|
|
ЗЕБОИИ ДОНИШГОҲ БО НАКҲАТИ ГУЛҲО
Бо ҳадафи ободу сарсабз гардондани фазои донишгоҳ ва фароҳам овардани муҳити дилнишину рӯҳбахш барои устодону донишҷӯён, дар донишгоҳ маъракаи гулшинонӣ баргузор гардид. Дар доираи ин иқдом, бо ташаббуси раёсати донишгоҳ, канори роҳравҳо, гулгаштҳо ва атрофи биноҳои таълимӣ бо гулҳои тару тоза ва рангоранг оро дода шуданд. Ҳамзамон дарахтони ороишӣ батартиб дароварда шуда, алафҳои баланд кӯтоҳ карда шуданд, ки ин амал ба зеботар гардидани муҳити донишгоҳ ва фароҳам овардани фазои озодаю ороста мусоидат намуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Осудагии ватан осудагии мост
Ватан барои соҳибватан азиз, дар дилу дида ҷову зебою бузург ва якто мебошад. Ватан замини зархез, боду ҳавои рӯҳнавоз, обҳои софу зулол ва кӯҳҳои сарбафалаккашида дорад, ки ин ҳама ганҷинаи ифтихорианд. Ватан ба мо болу пари маънавӣ мебахшад, то дар самояш озодона болу пар зада, барои шукуфоии он саҳми арзанда гузорем.
|
|
ОМОДАГИХО БАРОИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ
Имсол шуруъ аз нимаи дуюми моҳи ноябр боду ҳавои номусоид дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба назар гирифта шудааст. Боридани барфи навбатӣ ба донишгоҳ ҳусну таровати зиёдеро зам намуд. Шохаҳои дарахтони пур аз барф, замини сап-сафед ва рафтуомади одамон дар зери барф аҷоиб саҳнаест, ки аз тамошои он сер нахоҳӣ шуд. Аммо боридани барф бархе аз шохаҳои хушки дарахтонро шикаст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ОҒОЗИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ” БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи дастури раёсати донишгоҳ ва иҷроиши нақша-чорабиниҳо бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" бо ибтикори шуъбаи тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ нимаи дуюми рӯзи 24-уми сентябр соли равон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи футболи хурд ва волейбол барои дарёфти “Ҷоми раёсати донишгоҳ” дар байни 14 дастаи омӯзгорону кормандони раёсату шуъбаҳо, донишҷӯйписарон ва донишҷӯдухтарони факултетҳо оғоз гардид.
|
|
Хабарҳо
|
|
Ватанпарвар бояд буд
Бузургони мо басо пурҳикмат гуфтаанд:
«Гадоӣ дар Ватани худ беҳтар аз амирӣ дар мулки бегона».
Ватан бе мо буда метавонад, лекин мо ҳаргиз бе Ватан буда наметавонем.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 215 из 654 |