• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

ТАЪСИРИ РАВАНДИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БА ЗАХИРАҲОИ

ОБИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПЕШГӮИИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

54.jpg - 174.91 KbРӯзи 19.11.2020 бо ташаббуси мудири кафедраи географияи табии факултети географияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.г.,дотсент Рауфов Раҳматулло Неъматович дар якҷоягӣ бо Агентии обу ҳавошиносии кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 солагии “ Об барои рушди устувор, дар солҳои 2018 – 2028” мизи мудаввар таҳти унвони “Таъсири раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Тоҷикистон ва пешгӯии офатҳои табиӣ” доир гардид.

 
Хабарҳо

 

ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО САФОРАТИ ОЛМОН ВА ДААД
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии судманд бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти табодули академии Олмон (ДААД) баргузор гардид.

 

Сафорати Олмонро ҷаноби Стефан Волфрум, ёрдамчии Сафири Олмон дар Тоҷикистон, ва ДААД-ро доктор Гизела Тсимерман муаррифӣ намуданд.
 

 

ФАЪОЛИЯТИ УМУМӢ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОЗАНАШРИ МАМАДҶОН МАХКАМОВ ДАР ЗАРФИ ЯК СОЛИ ОХИР


53.png - 66.28 KbМаҳкамов Мамадҷон (тав. 7.09.1951, деҳаи Понғози н. Ашт). Номзади илмҳои педагогӣ (1993), дотсент (2001). Соли 1974 факултети механикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳоло ДМТ) хатм карда, дар вазифаҳои лаборанти калон (1974-1975), ходими хурди илмии лабораторияи проблемавии таълими програмавии донишгоҳ (1975-1980) кор кардааст.

Солҳои 1986-1989 аспиранти ДДОТ ба номи С. Айнӣ.

Ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи методикаи таълими математика (1980-1997, 2002, 2006-2007, 2013), мудири кафедраи методикаи таълими математика (1997-2000), сардори шуъбаи таълим (1997-2000, 2002-2006)-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва солҳои 2000-2002 дар Маркази идораи лоиҳаи кредитӣ дар соҳаи маориф ВМ-и ҶТ ва бонки ҷаҳонӣ, аз 1-уми августи соли 2007 ҳамчун сардори Идораи хадамоти методии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 16.06.2008 то 1 феврали соли 2011 муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди ВМ-и ҶТ кор кардааст.

 
Хабарҳо

Зинда бош, эй Ватан!

Давлатдории тоҷикон аз давраҳои хеле қадим оғоз ёфта, дар давраи Исмоили Сомонӣ ташаккул ёфтааст. Исмоили Сомонӣ давлати мустақили тоҷиконро ташкил дода буд, ки девони вазирони худро дошт. Баъдан давлати тоҷикон чандин бор рӯ ба таназзул ниҳод ва фақат дар солҳои 20-уми асри ХХ Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ташкил шуд. Тоҷикистон дар давраи

 
Хабарҳо

 

МАҲФИЛИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯ ТОҶИК ОҒОЗ ШУД
Бо мақсади арҷгузорӣ ба шахсияти бузурги адабиёти классики тоҷик Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, омӯзиши таърих ва осори пурғановати миллӣ, таҳкими худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» тасдиқ гардидааст.
Дар ҳамин замина имрӯз дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва намояндагони раёсати илм маҳфили «Шоҳномахонӣ» ба кори худ оғоз кард.
 


Страница 216 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj