|
Хабарҳо
|
ҶАВОНОН ВА БУНЁДИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ
«Маҳз давлати миллӣ, давлати соҳибистиқлолу озоди демократӣ имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки мо андешаи ваҳдати миллиамонро ба вуҷуд орем ва роҳу равиши халқамонро ба сўи оянда муайян созем, андешаи ҷомеъ ва ҷовидонаеро ба вуҷуд орем, ки бунёди онро адолат ташкил дода, мардумро якрўҳу ягона созад, аз арзишҳои асили фарҳангиву маънавии аҷдодамон сарчашма гирад,
|
|
|
ПРЕЗИДЕНТИ МО – ИФТИХОРИ МО
Санаи 13.11.2020 бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Нахуст муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Қосимов Саъдӣ баромад намуда, тамоми меҳмонон, устод ва донишҷӯёнро бо ин рӯзи таърихӣ табрику муборакбод намуд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ҲНИТ ЧИ ГУНА ҲИЗБ АСТ
Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва он дар тамоми гўшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, чунин падидаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ: ҚАДАМЕ МУҲИМ ДАР ҲАМГИРОИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ

Баҳри татбиқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи байнидонишгоҳӣ, гуруҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев аз моҳи сентябри соли 2025 то моҳи январи соли 2026 таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ идома медиҳанд. Зимни вохӯрӣ бо ин гуруҳи донишҷӯён ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода баён доштанд, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани табодули академӣ сатҳи ҳамгироии барномаҳои таълимии донишгоҳҳои кишвар боло рафта, робитаҳои илмӣ ва омӯзгорӣ миёни устодони донишгоҳҳо тақвият меёбанд, инчунин донишҷӯён малакаҳои таҳқиқотӣ, забонӣ ва коммуникатсионии худро рушд дода, таҷрибаи идоракунии раванди таълимӣ аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар интиқол меёбад.
|
|
ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ
Санаи 13.12 2020 дар байни донишҷӯёни факултети биология даври аввали олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид. Аз рафти баргузории олимпиада Муовини ректор оид ба илм Мирзораҳимов А., дидан намуда, афзуд, ки донишгоҳи мо дар омода намудани кадрҳои лаёқатманд дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда дорад. Донишҷӯёни донишгоҳ, ҳамасола дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ғолибият ба даст меоранд, ки ин боиси ифтихори ҳар яки мост. Дар олимпиада 33 нафар донишҷӯ иштирок намуда, аз он 10 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 223 из 654 |