|
Хабарҳо
|
|
КОНФРОНС: “НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ”
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси сатҳи баланди илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ” баргузор гардид.
|
|
|
ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК, ПЕШВОИ АСРИ XXI
Рӯзи 12 – уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, бо ташаббуси мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Абдураҳмонов Маъдӣ мизи мудаввар ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, Абдураҳмонов М.,дар мавзӯи “Пешвои миллати тоҷик, Пешвои асри XXI” маърӯза намуда, афзуд, ки мо ҷавонон бояд ифтихор намоем, ки дар чунин ватани ободу ором зери роҳбарии Пешвои сулҳовару сулҳпарвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр бо сар мебарем.
|
|
ҒОЛИБИЯТИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДОНИШГОҲ МУБОРАК БОШАД
Рӯзи 10.11.2020 мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол миёни волонтёрони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақша чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” аз санаи 26-уми октябри соли ҷорӣ барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
ТАШАККУЛИ ҶАВОНОН ДАР МАКТАБИ РОҲБАРӣ ВА СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.
Таърихи ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷавҳари ҳастӣ ва рушду такомули ҳар як миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидои он вобаста аст. Дар ин замина бо ифтихори бузург ва саодату иқболи баланд модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ фарзандони фарзонаеро ба дунё овардааст, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллати худро устувору ҷовидонӣ намудаанд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

Рӯзи 15.09.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 225 из 654 |