• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

06.11.2020 06:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям.

Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асо­сиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон ме­бо­шад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурах­шони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷ­тимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳиб­их­­­тиёрӣ, истиқ­ло­­лу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демок­ратӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд.

Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду ва­зи­­фаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хо­­ри­ҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.

 
Хабарҳо
ХОНИШИ СИЁСӢ: “АЗ ТАЪРИХИ ҚАБУЛИ АВВАЛИН НИШОНИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН”
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хониши сиёсӣ дар мавзуи «Аз таърихи қабули аввалин нишони давлатии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Мавзуи мазкурро мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи донишгоҳ, Маҳмудов Давлатшо, аз ҷанбаҳои гуногун шарҳу тавзеҳ дода, аҳамияти таърихиву сиёсӣ ва маънавии қабули аввалин нишони давлатӣ ва нақши он дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷиконро таъкид намуданд.

 

 
Хабарҳо

 

ДАР ТАРБИЯИ МИЛЛӢ ҶИДДӢ БОШЕМ: ВОХӮРИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТҲО ДАР ОҒОЗИ СОЛИ ТАҲСИЛ
Рӯзи 11-уми сентябри соли равон дар толори фарҳангии бинои факултети забон ва адабиёти рус тибқи нақша-чорабиниҳои қисми тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии Раёсати Донишгоҳ бо донишҷӯёни курси якуми факултетҳои биология, география, филологияи тоҷик, забонҳои романӣ-германӣ, забон ва адабиёти рус, технология, психология, иқтисод ва идора бо мақсади шиносоӣ бо раёсати Донишгоҳ, ҳамзамон бо оиннома, низомнома ва дастурамали тавсияивии сару либос, риояи одоби шаҳрнишинӣ инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмара баргузор гардид.
 
Хабарҳо

Аз гурӯҳҳои ифротгаро дур бояд буд

Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварӣ ва эътимоди хоса нисбат ба ҷавонони Тоҷикистон доштанашонро дар ҳар суханронии хеш иброз медоранд. Аз ҷумла, аз ҷониби Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид: «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат

 


ҶАЛАСАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР”

11.JPG - 134.93 KbРӯзи 5.11.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи навбатии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Расулзода Насимҷон - раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, Ҳомидзода Насимҷон - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раҷабзода Эраҷ - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қувватзода Сайдулло Зувайд - муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Раҷабов Дилшод Амиралиевич - котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” ва инчунин аъзоёни фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд. Нахуст ҳисоботи муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” Қувватзода Сайдулло Зувайд шунида шуд.

 


Страница 228 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj