|
Хабарҳо
|
|
Тарбияи хуби ҷавонон-вазифаи волидон
Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии
|
|
|
БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
5-уми ноябри соли ҷорӣ, бо ташаббуси мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ профессор Саидмуроди Хоҷазод ба ифтихори 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ таҳти унвони «Бахтномаи миллат» баргузор гардид. Саидмуроди Хоҷазод чорабиниро оғоз намуда, афзуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ваягона мебошад, ки 6-уми ноябри соли 1994 нахустин маротиба дар асоси изҳори иродаи бевоситаи халқи Тоҷикистон бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
|
|
Хабарҳо
|
|
Амнияти Ватанро ҳифз намоем
Ваҳдат ободии Ватан, бебаҳотарин неъмати рӯзгори мост ва шукрона мекунем, ки он ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон , фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст.
Инчунин, Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафии сулҳофарӣ, фарҳангпарварию таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
 Иштироки беш аз 350 нафар кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе баргузор гардид.
|
|
Хабарҳо
|
|
ФАЙЗИ ТОЗА МЕОЯД АЗ НАСИМИ ИСТИҚЛОЛ
Инак, аз насими фараҳманду пурнакҳати ҷашни пурҷалоли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табъи ҳамагон болида мегардад, гули умеди хурду калони Тоҷикистони биҳиштосо мешукуфад, фазои орому атрогини чорабиниҳои идона ба дидагон нур ва ба дилҳо сурур мебахшад. Ба кишвари мо иди пуршукӯҳ меояд, иди истиқлол, ҷашни шодиву сурур. Мо истиқлолро самимона шодбош мегӯем, зеро мояи бахту меҳвари ободиҳо, сарманшаи озодиҳост, ҳамвора пайки неку амалҳои солеҳро ба армуғон меорад.
Боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон аст, ки мо баъди садсолаҳои зиёд маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлоли давлатӣ бо дарназардошти анъанаву суннатҳои таърихии аҷдодиамон ва бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта сиву чор сол қабл ба бунёди давлатдории миллии худ оғоз кардем. Аз ин лиҳоз, истиқлол барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон,
|
|
|
|
|
|
|
Страница 229 из 654 |