|
Хабарҳо
|
|
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ПУРШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлол ва рушди давлатдории миллӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронс роҳбарияти донишгоҳ, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
|
|
|
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ЭЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ
4-уми ноябри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфренсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Коститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Нахуст, мудири кафедраи ҳуқуқ н.и.т. Аламов Ҳалимҷон Неъматович конфренсияро ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи “Конститутсия санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ” маъруза кард. Сипас, декани факултет Ҳусейнов Аҳмадҷон ҳамаи иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи Конститутсия табрик намуда, афзуд, ки имрӯз аз қабули ин санади тақдирсоз 26 сол сипарӣ мешавад.
|
|
Хабарҳо
|
|
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: СОЛИМГАРДОНӢ ВА ҶАЛБИ ҶАВОНОНУ ДОНИШҶӮЁН БА ВАРЗИШ
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ба варзиш ин субҳ машқи пагоҳирӯзӣ дар майдони Аҳмади Дониш баргузор карда шуд.
Ҳамин тавр, субҳи имрӯз дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён ширкат варзида, ба обутоби бадан машғул шуданд.
|
|
|
ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ
КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рӯзи 3.11.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ - фарҳангӣ бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ карда, ҳамаи ҳозиринро ба ин рӯзи хуҷаста табрик намуд. Сарвари донишгоҳ дар идомаи суханронии хеш афзуд, ки бо шарофати қабули ин санаи муҳими тақдирсоз чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.
|
|
Хабарҳо
|
|
Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 ноҳияи Фирдавсӣ бо ибтикори масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи бо сокинони маҳаллаи “Рашангарон” ҷиҳати баррасиву муҳокимаи масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундрав, тарбияву назорати насли наврас, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ вохӯрӣ доир кард.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 231 из 654 |