|
МАҲФИЛИ "КИШВАРШИНОС"
28-уми октябри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи забонҳои шарқи факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни факултет ва меҳмонон аз Корея Ҷонг Ҳоил ва Ли Ҷонг Сук маҳфили "КИШВАРШИНОС" баргузор гардид.
Сараввал, омӯзгори кафедраи мазкур Шодмонова Дилхоҳ маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, баргузории чунин маҳфилро барои афзун намудани маҳорату малакаи забондонии донишҷӯён хуб арзёбӣ кард.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ДАР КОРИ ТАРБИЯ ҲАМА МАСЪУЛ БОШЕМ
Бо чунин унвон дастури таълимии профессор Нурзода Абдулбоқӣ, Нурзода Меҳрафрӯзи Абдулбоқӣ, Чобулова Наргиза Мемондӯстовна интишор гардид.
Дастури таълимии мазкур масъалаҳои мубрами тарбияи насли наврас ва ҷавононро тибқи меъёрҳои нави таҳсилот, тадқиқотҳои навин, таҷриба ва комёбиҳои педагогикаи умумибашарӣ ва педагогикаи миллиро дарбар мегирад. Дастури “Дар кори тарбия ҳама масъул бошем” дорои маводи арзишманди таълимӣ буда, барои донишҷӯён, омӯзгорон, роҳбарони синф, кураторон ва ихлосмандони соҳаи маориф, ки ба тарбия ва таълими насли наврас таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, тавсия мешавад.
|
|
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
27.10.2020 19:04, шаҳри Душанбе
27 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 ва Дар бораи Барномаи қарзгирии давлатии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 баррасӣ карда шуд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи буҷети давлатӣ барои соли оянда ҷиҳати пайгирӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар, пешгирӣ кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ ва инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ таҳия гардидааст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
НИҚОБИ СИЁСӢ
(ҷавоб ба тарқиботҳои интернетии зидди давлат, ҳукумат ва шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби хоинони Ватан навишташуда)
Чеҳраҳои таърих, дин ва адабиёту фарҳанги башарият дар тули мавҷудияти ҳаёт ҳамеша ба инсонҳо тарқиб намудаанд, ки беҳтарин ганҷина ва дурдонаи ҷавҳари одамият посу гиромӣ доштан ва хизмати содиқона намудан ба Модар ва Ватан аст. Ин падида имрӯз низ моҳияти худро гум накардааст ва шоистатарин амали инсонӣ маҳсуб меёбад. Зарфияти ин амал дар он аст, ки он бояд бениёз бошад. Яъне хизмат кардан ба Модар ва Ватан бояд холисона ва бениёз бошад ва бар ивази он чизе тамаъ карда нашавад. Инсонҳо ба тарзҳои гунонгун ба Модар ва Ватани худ хизмат
|
|
Хабарҳо
|
|
ВОХӮРӢ ВА ҶАЛБИ ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛ БА ОЗМУНҲОИ САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ
 Дар асоси дастури ректори донишгоҳ профессор Аҳлиддин Ибодуллозода рӯзи 04.09.2025 вохӯрии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ профессор Раҷабзода Сироҷиддин ва кормандони қисми илми донишгоҳ бо донишҷӯёни соли аввали факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба корҳои илмӣ профессор Раҷабзода С.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 235 из 654 |