• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ШОМИ ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛ” БА ИФТИХОРИ 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пас аз анҷоми дарсҳо ва вақти корӣ таҳти унвони “Шаҳди истиқлол” шоми фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, устодон ва донишҷӯён ширкат варзида, бо барномаи фарҳангӣ ва мусиқию суруд аз эҷодиёти шоирони ватандӯст рӯҳияи баланди идонаро эҳсос намуданд.

 
Хабарҳо

ҶАВОНОН ВА КОНСТИТУТСИЯ.

Инсоният дар давоми ҳастии худ назму низоми муайянро дар ҷомеа тартиб дода, фаъолияти худро дар чаҳорчўбаи он ворид намудааст. Меъёрҳои муқарраргардидаи зисту зиндагонӣ дар ҷҷомеаи инсонӣ, ки таърихи ҳазорсола доранд, дар ибтидо ҳамчун меъёрҳои ахлоқӣ ба вуҷуд омада, бо рушди ҷомеаи инсонӣ ва мураккаб шудани низоми идораи ҷомеа ва рафтори инсонҳо ба меъёрҳои ҳуқуқӣ табдил ёфтаанд. Меъёрҳои ахлоқӣ рафтору гуфтор ва пиндори одамонро ба танзим дароварда, воситаи асосии идоракунии фаъолияти инсонҳо маҳсуб меёбанд. Мазмуни аслии меъёрҳои ахлоқиро таъмини

 
Хабарҳо

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 

 

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

23.10.2020 17:19, шаҳри Душанбе

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Зееман дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

“Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Иҷозат фармоед, ки Шуморо ҷиҳати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик намоям.

Бо камоли майл аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳам боварии устувори худро ҷиҳати он, ки  муносиботи ҳасанаи анъанавии байни кишварҳоямон минбаъд ҳам муваффақона идома хоҳанд ёфт, иброз намоям.

Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Президент, қабл аз ҳама саломатии бардавом ва дар кору ҳаёти шахсиатон муваффақиятҳои фаровон таманно дорам”.

 
Хабарҳо

ҶАВОНОН ВА ЗИРАКИИ СИЁСӢ.

«Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус ҷавонон тақозо мегардад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нерўи ҷисмониву зеҳнии худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон равона созанд».

 


Страница 237 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj