• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва

шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

21.10.2020 17:46, шаҳри Душанбе

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чже Ин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

“Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати пирӯзии эътимодбахш ва аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Муътақидам, ки таҷрибаи ғании Шумо дар соҳаи сиёсати давлатӣ дар оянда низ ба субот, тараққӣ ва шукуфоии кишваратон мусоидат хоҳад кард.

Хеле шодам, ки аз лаҳзаи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 муносиботи дуҷонибаи мо дар соҳаҳои гуногун ба таври мунтазам рушд меёбанд.

Самимона изҳори боварӣ менамоям, ки дар якҷоягӣ бо Шумо ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд ва самарабахши байни кишварҳоямонро тавсеа хоҳем бахшид.

Иҷозат фармоед, ки бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо саломатии қавӣ ва ба мардуми тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно намоям”.

 
Хабарҳо

 

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ: ФАЪОЛИЯТ ДАР ҲАМАИ САМТҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
Имрӯз нахустин ҷаласаи назоратии назди ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли нави таҳсил баргузор гардид, ки он бо иҷрои Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Зимни ҷаласа ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода, бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, садорати факултетҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар шахсони масъул фаъолияти сохторҳои донишгоҳро дар ҳамаи самтҳо мавриди баррасӣ қарор дод.
 

 

МАҲФИЛИ ИЛМИИ “ИНФОРМАТИКОНИ ҶАВОН”

79.JPG - 209.98 Kb

Санаи 21.10.2020 дар синфхонаи №8-и факултети математика маҳфили навбатии “Информатикони ҷавон” бо дастгирии мудири кафедраи ТИК Латипов Сафаралӣ, таҳти роҳбарии н.и.п. Наҷмиддинов Абдуғафор баргузор гардид. Синфхона муҷаҳҳаз бо маводҳои аёният, яъне лавҳаҳои иттилоотӣ ва компютерҳои бо шабакаи интернетӣ пайвасшуда буд. Донишҷӯён бо истифода аз ин аёниятҳо дар маҳфил фаъолона иштирок намуданд.

 
Хабарҳо

МУБОРАК ДАРСИ СУЛҲУ РӮЗИ ДОНИШ

(Бардошт аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ)
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз баррасии вазъи геополитикии ҷаҳони муосир, таҳкими сулҳу суботи ҷомеаи башар, фароҳам овардани фазои орому осуда барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, бахусус соҳаи маориф оғоз гардид, ки бесабаб набуд. Зеро сулҳ сарчашмаи рушди ҷомеаи донишмеҳвар, омили бақо ва пешрафти ҷомеа, маҳаки таҳкимбахши илму дониш ҳисобида мешавад, бе сулҳ дониш вуҷуд дошта наметавонад, аз ҷониби дигар, инсоният бо рушди илму такмили пайвастаи дониш сулҳро дар олам устувор менамояд, ин мафҳумҳо дар ҳамбастагӣ бо якдигар афкори солими инсонҳоро зиннат мебахшад. Дарси сулҳ ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба илму маърифат ва шукргузорӣ аз неъмати сулҳу суботро дар замири ҳамагон чун чароғи фурӯзандаи маърифат ва шарти асосии рушди маънавияти инсон поянда нигоҳ медорад. Дарси сулҳ дар даврони истиқлол ба суннати боарзиштарини ҷомеа бадал
 
Хабарҳо

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
Имрӯз дар толори бошукуҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Аҳлиддин Ибодуллозода – ректори донишгоҳ, Абдуллозода Масрур – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, инчунин аҳли раёсат, устодон ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
 


Страница 238 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj