• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва

Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.10.2020 17:56, шаҳри Душанбе

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Ҷумҳурии Сербия Ҷаноби Олӣ Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Ҷаноби Олӣ Нгуен Фу Чонг барқияҳои табрикӣ ворид гардиданд.

Дар номаи табрикотии Президенти Сербия, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Сербия ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон бо беҳтарин таманниёти баҳри рифоҳи кишваратон ва ҳамаи шаҳрвандони он идома додани ин вазифаи сермасъул самимона табрик менамоям. Мутмаинам, ки саҳми шахсии Шумо дар муносиботи дӯстона ва ҳамкории байни Сербияву Тоҷикистон ба беҳтар намудани робитаҳоямон дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо судовар, мусоидат хоҳад кард».

 

 

 

“АНВОРИ ДОНИШ” ФАРОГИРИ ПАЖӮҲИШҲОИ ПУРАРЗИШ

76.jpg - 47.14 Kb“Анвори дониш” – чунин ном дорад маҷмӯаи илмии кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. Мақолаҳои олимон Нӯъмонҷон Ғаффорӣ “Тасвири образи модар дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ”, Саидмуроди Хоҷазод ва Абдурашид Ализода “Тасвири рӯҳи замон, аҳволи мардуми ҳунарвар ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар “Шаҳрошӯб”- и Сайидои Насафӣ”, Восиева Рухшона ва Тоҷиева Фурӯғ “Образи занони мубориз дар романи паҳлавонии “Доробнома”- и Абӯтоҳири Тарсусӣ”, Нуралӣ Нуров ва Хусрав Зокиров “Пешвои миллат ва шинохти ҷаҳони ботинии инсон дар афкори Мавлоно”, Валиев Ҷамшед “Забони адабӣ ва рисолати давлатии он”, Равшани Ҳамроҳ “Тафсири даҳ ғазали шайх Камоли Хуҷандӣ” ва ғ. дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба масоили забоншиносӣ ва адабиётшиносиро мавриди пажӯҳиш қарор додаанд.

 

 

ТАНТАНАИ МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲ

13.JPG - 309.79 KbИмрӯз дар майдончаи варзишии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Меҳргон аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Ҷашни Меҳргон бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар он ректори донишгоҳ Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода бо аъзоёни ҳакамон аз намоиши маҳсулотҳои омоданамудаи факултетҳои донишгоҳ дидан намуданд. Ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода  зимни суханронӣ тамоми омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии ин иди миллӣ табрику таҳният хонданд. Ҳамчунин ба дастархони омоданамудаи факултетҳои донишгоҳ баҳои баланд дода, миннатдории раёсати ДДОТ ба номи С.Айниро ба онҳо расониданд.

 
Хабарҳо

 

ТАМОШОИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ
Имрӯз аҳли раёсат, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ тамошо намуданд. Суханронии Сарвари давлат, ки ҳамасола ба муносибати оғози соли нави таҳсил ироа мегардад, дорои паёмҳои умдаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ буда, мақсаду мароми онро рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тарбияи ҷавонони ватандӯсту соҳибмаърифат ташкил медиҳад.

 
Хабарҳо

ИФТИТОҲИ МАКТАБИ НАВ ДАР ДЕҲАИ САФЕДТУНДАКИ НОҲИЯИ РАШТ
Дар деҳаи Сафедтундаки Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти ибтидоии №103, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ зарар дида буд, пурра аз нав барқарор ва ба истифода дода шуд.
Ин иқдоми муҳим бо дастгирии молиявии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон амалӣ гардид.
 


Страница 239 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj