• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

ШАНБЕГИИ  ДОНИШГОҲ БАҲРИ ОБОДОНИИ ДОНИШГОҲ

71.JPG - 371.57 KbСубҳи имрӯз бо ташаббуси раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Шанбегии мазкур таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Наргис Достӣ ва ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода сурат гирифт. Дар ин шанбегӣ, тамоми кӯчаҳои гирду атрофи донишгоҳ аз партовҳо ва хазонрезаҳо тозаву озода гардонида шуд.

 
Хабарҳо

 

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ДОНИШГОҲ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ

 

27 августи соли 2025 ҷаласаи Шурои илмӣ-методии донишгоҳ таҳти роҳбарии раиси Шуро, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И. баргузор гардид. Дар ҷаласа чор масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғоз ҳайати нави Шурои илмӣ-методии донишгоҳ тасдиқ гардид. Баъдан, пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба нақшаи кории Шурои илмӣ-методӣ барои соли таҳсили 2025–2026 қабул шуд. Ҳамчунин оид ба тасдиқи нақшаҳои кории Шуроҳои илмӣ-методии факултетҳо ва комиссияҳои методии кафедраҳои умумидонишгоҳӣ барои соли таҳсили нав котиби ШИМ Ҳамроев А. гузориш пешниҳод намуд.
 
Хабарҳо

ДАСТОВАРДИ ШОИСТА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Пирӯзии донишҷӯёну омӯзгори ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Рӯзи 26 августи соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, инчунин намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ширкат варзиданд.
Боиси ифтихор аст, ки аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 3 нафар донишҷӯ, 1 нафар магистрант ва 1 нафар омӯзгор ғолиб ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:


Холова Нилуфар – «Забон ва адабиёти рус», ҷойи якум;
Оқилзода Нурафшон – «Биология», ҷойи дуюм;
Ваҳҳобова Омина – «Филологияи тоҷик», ҷойи сеюм;
Самадова Фарзона – магистрант, «Забон ва адабиёти рус», ҷойи сеюм;
Бойзода Марворид – омӯзгори кафедраи педагогика, ҷойи сеюм.
Ғолибон аз ҷониби мақомоти шаҳри Душанбе бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ин дастоварди арзанда нишон медиҳад, ки донишгоҳ дар рушди маърифат, китобхонӣ ва густариши фарҳанги мутолиа дар ҷомеа нақши бориз дорад.

 

 

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.10.2020 18:49

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натҳ Ковинд, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

“Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти маро ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул фармоед.

Аз нав интихоб шудани Шумо шаҳодати он қадрдонӣ ва эҳтироми олие мебошад, ки мардуми Тоҷикистон нисбати Шумо доранд. Таҳти роҳбарии шумо, Тоҷикистон дар муқобили хатару таҳдидҳои терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ба роҳи рушду шукуфоӣ гузашт.

 

 

Суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 солагии Камоли Хуҷандӣ

 

65.png - 209.38 Kb16.10.2020 11:47, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғоз кулли мардуми фарҳангдӯсту маърифатпарвари тоҷик ва ҳамаи шумо - ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик - Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик мегӯям.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом дода, дар айни замон, дар рушду пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, тавассути баргузории чорабиниву иқдомоти сатҳи баланд эътибори махсус медиҳад.

 


Страница 240 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj