|
Хабарҳо
|
|
ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеъи шурои олимон доир гардид, ки дар кори он аҳли раёсат, профессорону омӯзгорон иштирок намуда, фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2025 натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуд. Баъд аз садо додани Суруди миллӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, муовинони ректор вобаста ба самтҳои таълим, илм ва робитаҳои байналмилалӣ бо рӯнамо ҳисобот манзур намуданд.
|
|
|
Изҳори сипоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон
12.10.2020 17:31, шаҳри Душанбе
Дирӯз 11 -уми октябри соли 2020 дар кишвари азизи мо боз як чорабинии муҳимму сарнавиштсози таърихӣ – интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Аксари интихобкунандагон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйи худро ба тарафдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доданд.
Ба ин муносибат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва дастгирӣ намудани номзадиашон самимона изҳори сипосу миннатдорӣ мекунанд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, бо қаноатмандиву ифтихор хотирнишон месозанд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба тантанаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, нишонаи олии фарҳанги баланди сиёсиву мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар, инчунин, ба далели равшани дастгирии гарму самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони Тоҷикистон табдил ёфт.
|
|
НАТИҶАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ!
Субҳи имрӯз тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби КМИР бо иштироки парламенти кишвар мустақиман пахш гардид. Зимни суханронӣ раиси Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр натиҷаи ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин баён намуд: хушҳолона 85,36%-и интихобкунандагон дар интихобот иштирок намудаанд.
Аз ин рӯ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда ба ҳисоб меравад. КМИР натиҷаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи овозҳои гирифтаи номзадҳо чунин муайян намуд:
|
|
|
Хабарҳо
|
|
КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ: ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БАҚОИ МИЛЛАТ
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – бақои миллат» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш аҳли раёсати донишгоҳ, деканҳои факултетҳо, олимону коршиносон иштирок ва дар робита ба Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: ВАРЗИШ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ
 Субҳи имрӯз, соати 7:00 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар боғи Аҳмади Дониш машқи пагоҳирӯзӣ баргузор мегардид.
Дар ин машқи пагоҳирӯзӣ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муовинони декан оид ба корҳои тарбия ва омӯзгорони ҷавон фаъолона иштирок намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 243 из 654 |