• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

 

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ: “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҚАҲРАМОНИ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН АСТ”
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети иқтисод ва идора бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Вахдати миллӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон Қаҳрамони ваҳдати тоҷикон аст” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш аҳли раёсати донишгоҳ, деканҳои факултетҳо, олимону коршиносон иштирок ва дар мавзуи мавриди назар суханронӣ намуданд.
 

 

Ҷамъбасти кори комиссияи аккредитатсионӣ дар

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

1.JPG - 264.15 KbСанаи 7-уми октябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки экспертони ватаниву хориҷӣ ва аҳли раёсати донишгоҳ ҷамъбасти кори комиссияи  аккредитатсионӣ тариқи онлайн  баргузор гардид. Сараввал намояндагони гурӯҳи мазкур аҳли ҷаласаро барои фаъолият намуданашон дар фазои пурхатари эпедимологии ҷаҳони муосир изҳори ташаккур намуда, арз доштанд, ки асолати омӯзгорӣ низ маҳз ҳамин бурдбориҳоро тақозо мекунад. Дар ҷаласа пиромуни  натиҷаи санҷиши экспертони гурӯҳи аккредитатсионӣ сухан рафта, дар он ҷиҳати бозёфтҳои нави таълим, илм, иқтисод, техникаву коммуникатсияи навин, синфхонаҳои таълимиву лингафонӣ, лабораторияҳои таҳлиливу таълимии донишгоҳ ва   як қатор пешниҳоду дархостҳои тарафайн судмандона андешаронӣ гардид.

 

 

Идомаи кори комиссияи аккредитатсионӣ дар

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

37.JPG - 221.07 KbСанаи 6-уми октябри соли равон дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ гурӯҳи комиссияи аккредатсионӣ бо ҳамроҳии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷ. сараввал аз хазинаи маънавии фонди тиллоии китобхонаи донишгоҳ, толори хониш, толори  электронӣ, толори олимон ва аспирантони китобхона, лабораторияҳо ва музейҳои зоологии факултети биология, инчунин аз синфхонаву лабораторияҳои факултети химия дидан намуданд.

Бояд зикр кард, ки дар ҳошияи сафари экскурсионии донишгоҳ аз синфхонаҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ ва техникаву мошинасозии факултети технология, дастоварду бозёфтҳои таърихии донишҷӯёни факултети таърих, лабораторияҳои факултети физика, синфхонаи муҷаҳҳази инклюзивии факултети психология ва таҳсилоти фарогир, маркази захиравии забони англисӣ, Парки технологии донишгоҳ боздид намуданд.

 
Хабарҳо

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 
Хабарҳо

ХАТМИ ГУРУҲИ АВВАЛИ МАГИСТРАНТОНИ ЧИНӢ
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ тибқи шаҳодатномаи Агенти назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки донишҷӯёни Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба зинаи магистратура қабул менамояд.
Ин аст, ки соли равон аввалин гуруҳи магистрантони ин кишвар зинаи магистратураи донишгоҳро бо муваффақият хатм намуданд.
 


Страница 245 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj