• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

 

ЯРМАРКА
Имрӯз дар Донишгоҳ ярмаркаи маҳсулоти мевагӣ баргузор гардид, ки дар он ҳосили боғи “Агролабораторӣ” пешниҳод шуд. Дар ярмарка гелоси сурху зард, зардолу ва себ бо нархи арзону дастрас ва танҳо ба хотири дастгирии омӯзгорону кормандон пешниҳод карда шуд.

 

 

 

Комиссияи аккредитатсионӣ дар

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ


1.JPG - 143.69 Kb5 октябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки намояндагони комиссияи аккредитатсионӣ аз хориҷи кишвар –профессори Донишгоҳи Тарту Клаас-Ланг Бируте - раиси комиссия, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Нижегород Папуткова Галина Александровна - котиби комиссия сӯҳбат-пурсиш тариқи онлайн баргузор гардид. Дар ин мулоқот ҳамчунин ташхисгарони ватанӣ Сафаров Баҳром Гулматович - муовини ректор оид ба илми ДДМИҶТ, Асророва Зулфия Имомовна - мудири кафедраи туризми ДСРТ, Камолова Сабоҳат Ҷалоловна - директори муассисаи давлатии Маркази таълимии занон “Сарвар” ва Сулаймонзода Шуҳрат Фирдавс - сармутахассиси шуъбаи МИСТ-и  ДДМИҶТ тариқи ҳузурӣ намояндагӣ мекарданд. Ҳамзамон сармутахассиси Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Довуд Алӣ ва намояндаи EKKA Бауман Хиллар ба ҳайси нозир ширкат доштанд.

 

 

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.10.2020 09:30, шаҳри Душанбе

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

“Табрикоти сидқии моро ба муносибати зодӯзатон қабул фармоед!

Шумо чун арбоби ботаҷрибаву дурандеши давлатӣ ва пешвои воқеии кишвари худ миёни ҳамватанонатон иззату эҳтироми баланд дошта, соҳиби обрӯву эътибори назарраси байналмилалӣ мебошед. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи рушди ичтимоиву иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта, дар умури минтақавӣ нақши муҳимро иҷро менамояд.

 
Хабарҳо

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 09.06.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 
Хабарҳо

БА КОРМАНДОНИ ҚИСМИ ХОҶАГИИ ДОНИШГОҲ КӮМАКҲОИ МОДДӢ РАСОНИДА ШУД
Аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар арафаи Иди Қурбон баҳри дастгирии кормандони қисми хоҷагидорӣ ба 130 нафар кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Кӯмакҳои моддӣ аз картошка, пиёз, макарон, шакар, равған ва орд иборат мебошанд.

 


Страница 247 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj