• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

05.10.2020 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо - соҳибони забони ширину шевои тоҷикиро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз пояҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва нишонаи равшани ҳувияти миллии мо ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям.

Мо ин санаи таърихиро панҷуми октябри ҳар сол бо ифтихору сарфарозӣ аз забони давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мекунем.

Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф, гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсеаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, аз амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда вобаста аст.

Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ - арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст.

Бо дарназардошти ин, ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.

 
Хабарҳо

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲ
3-юми июни соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаии умумии №53-и ноҳияи И. Сомонӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия маросими қадрдонӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуривии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” баргузор гардид.
Хонандагони Литсейи назди ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, сазовори ду ҷой: Алламова Фараҳнуш аз номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” сазовори ҷойи якум, Қурбонализода Алиакбар аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин омӯзгорон ва волидайни хонандагон низ бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

 
Хабарҳо

 

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ ДОНИШГОҲ
03.06.2025 таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм, профессор Раҷабзода Сироҷиддин ҷаласаи Шурои илмӣ-методии Донишгоҳ доир шуд, ки асосан се масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод. Масъалаи аввал натиҷаи фаъолияти илмӣ ва илмию методии магистрон дар соли таҳсили 2024-2025 буд ва пиромуни он мудири шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию-омӯзгорӣ Ахиева Саодат гузориш дод.
 

 

 

Мо бо Пешвои муаззами миллатем!

31.jpg - 3.70 Mb

 

Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо самимият, эҳтироми беандоза, иродати комил Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати рӯзи солгард, саҳнаи фархундаю хуҷастаи умри бобаракаташон табрику таҳният мегӯяд.

 

 

«Башарро раҳнамо ҳастӣ, муаллим!»

18.JPG - 201.98 KbСанаи 3-юми октябри соли 2020 дар синфхонаи №12-и факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи омӯзгор» таҳти унвони «Башарро раҳнамо ҳастӣ, муаллим!» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи шуъбаи тарбияи донишгоҳ, декани факултет, муовинони декан, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессору омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

 


Страница 248 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj