|
Хабарҳо
|
|
ИШҒОЛИ ҶОЙИ 1-УМ ДАР «ДАВИ ЭКОЛОГӢ БАРОИ ПИРЯХҲО»
Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр ва манзараҳои зебои кӯҳии Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» «Дави экологӣ барои пиряхҳо» баргузор гардид. Дар ин дав омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Одинаев Меҳробҷон Довудович дар масофаи 5 км ғолиби ҷойи 1-ум гардида, бо медал ва дигар туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуд. Муборак бошад!!!
|
|
|
Намоиши дастранҷи “Мактаби бачагонаи рассомӣ”

Санаи 3-юми октябри соли равон, дар гулгашти назди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи рассомӣ»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе бахшида ба иди касбии омӯзгорон дастранҷи наврасонро ба намоиш гузошт. Намоиши мазкур аз соати 9:00 то 14:00 идома ёфт. Ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода аз ин намоиши наврасону ҷавонон дидор ба амал оварда,
|
|
Нақши
Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол
Ба ифтихори Рӯзи забон бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ибтикори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо чунин унвон ҳамоиш баргузор гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, дар мавриди саҳми Пешвои миллат барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забон, Нақши Паём дар ташаккул ва рушди муҷаддади забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол, ҳифзи забон дар фароянди ҷаҳонишавӣ ибрози назар намуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
"СУРУДИ ҶАВОНӢ" БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
 Шоми имрӯз (22.05.2025) дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангии идонаи ансамбли “Чеҳранамо”-и Донишгоҳ таҳти унвони "Суруди ҷавонӣ" ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғи ба номи устод Рӯдакӣ баҳри болидахотирии сокинону меҳмонон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.
|
|
Хабарҳо
|
|
ИЛМ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ: ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШКАДАИ ТЕХНИКИИ СИЧУАНИ ЧИН
 Рӯзи 22.05.2025 Ибодуллозода Аҳлиддин ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гуруҳи роҳбарият ва намояндагони Донишкадаи техникии Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дар самти сифати таълим, илм ва инноватсия, истифодаи технологияҳои нав дар таълим ва самтҳои мухталифи истеҳсолот гуфтушунид анҷом доданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 249 из 654 |