• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

Қадрдонии омӯзгорону донишҷӯён, кормандон ва ғолибони озмуну мусобиқаҳои варзишӣ бо сипосномаву ифтихорнома, медалу ҷом ва мукофотҳои хотиравӣ дар чорабинии бахшида ба Рӯзи ҷавонон


 

 

КАМОЛ-ШОИРИ ШУҲРАТЁР

21.jpg - 85.89 KbИмрӯз, дар факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфиле ба хотири гиромидошти 700-солагии Шайх Камол Хуҷандӣ зери унвони “Камол-шоири шуҳратёр” баргузор гардид. Дар ин маҳфил ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н., мудири шуъбаи табъу нашри донишгоҳ, муҳаққиқи осори Камоли Хуҷандӣ, шоир Абдуҷаббори Суруш ва устодону донишҷӯёни факултаи филогияи тоҷик ширкат намуданд.

 

 

ЧАРОҒИ ИЛМУ ИРФОНӢ, МУАЛЛИМ!

14.jpg - 234.25 KbПаёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон


Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаи маориф ва илм!

Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору шукргузории мо – кормадони соҳаи маориф ва илм мебошад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ва сол ба сол ҷойгоҳу мақоми хоссаро касб мекунад.

 
Хабарҳо

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН
Бахшида ба рӯзи ҷавонон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли раёсат, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар ин доира дастовардҳои илмии факултетҳои донишгоҳ ба тамошо бароварда шуда, омӯзгорону донишҷӯён, кормандон ва ғолибони озмуну мусобиқаҳои варзишӣ бо сипосномаву ифтихорнома, медалу ҷом ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Суруду таронаҳои аҳли фарҳанг ба ҳозирин шодию фараҳ бахшид.

 
Хабарҳо

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ДИЗАЙНЕР ВА БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН"
Имрӯз 20-уми май дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо иштироки меҳмонон ва омӯзгорону донишҷӯён маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии “Дизайнер ва барномасози беҳтарин” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” баргузор гардид.

 


Страница 250 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj