|
Тан агар солим набошад, зиндагӣ носолим аст
Бегоҳии имрӯз бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби 75 нафар устодону донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе, аксияи “Корвони саломатӣ” гузаронида мешавад. Мақсади асосӣ дар аксияи мазкур ба раҳгузарон ба таври ройгон тақсим намудани ниқобҳо, маҳлӯлҳои безараргардонӣ,
|
|
|
Хабарҳо
|
|
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗИИ ДАСТАҶАМЪОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
 Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ба варзиш субҳи имрӯз машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъона дар майдони боғи Аҳмади Дониш баргузор карда шуд.
Ҳамин тавр, дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён ширкат варзида, ба обутоби бадан машғул шуданд.

|
|
Гулназархонӣ дар оромгоҳи Лучоб
Субҳи 20-уми сентябри соли 2020 гурӯҳе аз аҳли қалам ҳаводорони шеъру сухан ва устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияи Рӯдакӣ ба оромгоҳи Лучоб ҳозир шуда, ба ифтихори 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ муаллифи Суруди миллӣ устод Гуланазар Келдӣ озмуни “Гулназархонӣ”-ро доир намуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ: “ОИЛА – САРЧАШМАИ МУҲАББАТ, ЭҲТИРОМ, ЯКДИЛӢ ВА ДИЛБАСТАГИСТ”
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати таҷлил аз Рӯзи байналмилалии оила дар мавзуи “Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист” конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аҳли раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ ЮНИСЕФ
Рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ бо дархости ҷониби ЮНИСЕФ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Қурбонзода Рухшона Қурбон бо намояндаи ин созмон Партино Рубал вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ҷараёни он, вобаста ба масоили вазъи омӯзиши забони англисӣ, мушкилиҳои дар раванди омӯзиш ҷойдошта, муҳимияти омӯхтани забони англисӣ дар ҷомеа, такмили ихтисоси омӯзгорони забони англисӣ, муносибати ҷавонон ба касби омӯзгорӣ, инчунин зарурияти бознигарии усулҳои омӯзиши забони англисӣ табодули афкор сурат гирифт.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 255 из 654 |