• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

 

ДАВРИ НИҲОИИ ДАЪВАТИ 24-УМИН ОЗМУНИ ҶАҲОНИИ “ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ” МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз (15.05.2025) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии даъвати 24-умин озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” дар соли 2025 миёни донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Мушовири масъалаҳои давлатии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ван Гуочун, ҷонишини раиси ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Абдуллозода Иброҳимҷон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии
 

 

ФАЛАК ФАРЗОНАГОНРО КУШТАНАТ ЧИСТ?!

21.jpg - 97.76 KbФалак боз олиҳаву фарзонаеро аз миён бурд, ки то лаҳзаҳои вопасини хеш дар масири зиндагии мардумон нуру зиё мекошт. Инсони комил ҳамонест, ки дар тавону вуҷуди хештан ҳар нексириштиеро, ки аз “устоди азал” омӯхтааст, ба дигарон низ талқин менамояд ва ҳарчанде дар ҷодаи омӯзиш дақиқу амиқ меравад, комилтар мешавад, худро аз хоксорӣ нокомил мепиндорад. Нафаре, ки дорои ҳамаи ин хислатҳои хуби инсонӣ буд, марди покзоду покдил, поктиннату покмаром, ҳалиму меҳрубон, хоксору фурӯтан ва инсондӯсту инсонпарвар устоди зиндаёд Лутфулло Солиев буд, ки саҳми ӯ дар пешрафти соҳаи маорифи мамлакат аз он ҷумла илми кимиёи тоҷик хеле назаррас буд. Яке аз ахтарони кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991),

 
Хабарҳо

ТАДБИҚИ БАРНОМАИ САФАРБАРКУНИИ АКАДЕМИКӢ

Дар асоси Созишномаи ҳамкории дуҷониба рӯзи 13-уми майи соли ҷорӣ 4 нафар омӯзгорону профессорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Низомии шаҳри Тошкент ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
Дар чаҳорчӯби барномаи сафарбаркунии академикӣ профессор Шарипова Гузал Содиқовна, досент Ризаева Ҳусния Убайевна ва омӯзгорон Рамозонова Баҳорой Садриддиновна ва Зарифова Забаржатхон Мухаммаджановна то рӯзи 17-уми май барои донишҷӯёни Донишгоҳ мастер классҳо мегузаронанд.

 

 

Боз як хуршед нур афкандааст...

 

20.jpg - 103.73 KbИмрӯз Ҳалимова Зарина Раҳимҷоновна омӯзгори кафедраи методикаи таълими забони англисии факултети забони англисӣ  рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Асосҳои лингводидактикии ташаккули муоширати касбӣ бо забони хориҷӣ дар донишҷӯён – омӯзгорони ояндаи забони хориҷӣ” бо мувафақият ҳимоя намуд. Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муаллимаи азизро бо ин рӯзи хотирмон таҳният гуфта, дар кору эҷодиёташон комёбиҳои назаррасро  таманно менамояд.

 

 

 

Туро ин шаст бо ин шаст муборак

17.jpg - 75.71 Kb

 

Имрӯз шоир, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии вилоятии вилояти Суғд ба номи Қутби Киром, Аълочии маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ  устод Равшани Ҳамроҳ ба синни мубораки шастсолагӣ расиданд.

 


Страница 256 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj