• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ ДИДАН НАМУДАНД

Имрӯз донишҷӯёни факултети физика тибқи нақша-чорабинӣ ба Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ворид гардида, аз толорҳои намоишии он дидан намуданд.
Ба воситаи экскурсия аз ҷониби шахси масъул ба донишҷӯён дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, табиати зебои Тоҷикистон, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва фаъолияти пурсамари нахустмактаби олии кишвар ва дастовардҳои он дар солҳои охир муаррифӣ карда шуданд.

 

 

Саразм-сароғози тамаддуни тоҷикон

1.JPG - 152.51 Kb

Дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ахтари дурахшони тамаддун падидор гардид. Яъне ёдгории таърихии Саразм дар Панҷакент ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Кумитаи омӯзиш ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид карда шуда, ин тасмим дар иҷлосияи Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки аз 25-уми июл то 3-юми августи соли 2010 дар Бразилия идома дошт, гирифта шуд. Маҷмааи бостонии Саразм нахустин макони дорои аҳамияти таърихию фарҳангии Тоҷикистон аст, ки ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст.

 
Хабарҳо

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИИ ДОХИЛӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ Дар асоси нақша чорабиниҳои муштраки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дигар мавзуҳои мубрами рӯзмара, бо донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрии судманд баргузор гардид.
 
Хабарҳо

БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз тибқи нақшаи сафарбарнамоии донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба "Осорхонаи Донишгоҳ" як гуруҳ донишҷӯёни факултети забонҳои романӣ-германӣ аз осорхона дидан намуданд.
Дар доираи сайри осорхонавӣ донишҷӯён бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, табиати зебои Тоҷикистон, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва фаъолияти пурсамари нахустмактаби олии кишвар ва дастовардҳои он солҳои охир бештар шинос гардиданд.
Албатта тамошои осорхона имкон фароҳам меорад, то дар замири ҷавонон сатҳи худшиносиву хештаншиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, илмомӯзиву касбомӯзӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бештар шавад.

 

 

Оғози кишти тирамоҳӣ дар заминҳои ҶСК “Парандапарвар” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 

122.png - 178.37 Kb16.09.2020 13:56, ноҳияи Ҷаббор Расулов

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Парандапарвар”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти тирамоҳии гандум оғоз бахшиданд.

Дар ҳузури Пешвои миллат дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ, ки пас аз дарави маккаи дон холӣ шуда буд, дар кишти тирамоҳӣ гандуми тухмии вилояти Краснодари Федератсияи Россия кишт карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Россия ба вилояти Суғд аз шаҳри Краснодар ба миқдори 1000 тонна тухмии гандуми “безостая” ворид гардид, ки барои дар 5000 гектар ба роҳ мондани парвариши ғалла дар кишти тирамоҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 


Страница 257 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj