• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

 

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҶОНБУК
Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея бо Президенти Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея Янг О-Бонг вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо аз қабили табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, баргузории конференсияҳои муштарак, даъвати профессорон барои хондани маърӯзаҳо, табодули таҷрибаи
 

 

Ифтитоҳи бинои иловагии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд

16.09.2020 10:28, шаҳри Хуҷанд

Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Муассисаи давлатии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи Амонулло Орифовро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда,  дорои 200 кати хоб мебошад.

Бино бо маблағи 6 миллион сомонӣ бо тамоми таҷҳизоти  ҳозиразамони тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгенӣ, нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра    муҷаҳҳаз мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо аз 4 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои сактаи миокард, фишорбаландии шараёнӣ, ҷарроҳии рагҳои хунгард, ҷарроҳии нуқсони модарзодӣ ва тарбодии дил иборат аст.

Дар баробар ин дар маркази мазкур шуъбаҳои бемориҳои музмини ишемиявии дил ва номураттабии кори дил, шуъбаи қабул бо гурӯҳи ёрии таъҷилӣ, дармонгоҳи машваратӣ, шуъбаи ташхис, таҳлилгоҳи биохимиявӣ ва ҳуҷраҳои табобатии физиотерапевтӣ, сӯзангузорӣ ва маҳс мавҷуд мебошад.

 

 

Ифтитоҳи бинои 9 - ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи

давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

16.09.2020 09:32, шаҳри Хуҷанд

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 32 ҳуҷраи барҳаво мебошад.

Иншоот бо тарҳи муосир сохта шуда, дар ошёнаи аввали он дар масоҳати 200 метри мураббаъ Маркази саломатӣ ҷойгир аст, ки аз 7 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, буғхона ва тамизгардонӣ, интенсивӣ, табобати дандон, амрози занона, бемориҳои дарунӣ ва ҳамшираи тиб иборат мебошад. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо дастгоҳҳои муосири соҳа муҷаҳҳаз карда шудааст.

 
Хабарҳо

ИШТИРОКИ МУОВИНИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФРОНСИ САТҲИ БАЛАНД

Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзуи “Чин – Осиёи Марказӣ: ҳамкорӣ дар бахшҳои истеҳсолот, таълим, тадқиқот ва татбиқ” конфронс баргузор гардид. Дар кори он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Айнуллозода Наҳтулло иштирок намуда, дар бораи “Навинсозии барномаҳои таълимӣ – омили баланд бардоштани сифати таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаи пурмуҳтаво намуданд.
 
Хабарҳо

 

ШИНОСОИИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ БО ТОЛОРҲОИ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ

 

Имрӯз тибқи нақша омӯзгорону донишҷӯёни факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқ ба Осорхонаи Донишгоҳ ташриф оварда, бо толорҳои намоишии он аз наздик шинос гардиданд.
Зимни боздид ба онҳо пиромуни дирӯзу имрӯзу фардои кишвар, табиати он, иштироки омӯзгорон дар мубориза бар муқобили фашизм, тамаддуни тоҷикон, илму фарҳанги онҳо, фаъолияти донишгоҳ то истиқлол ва баъдӣ он, инчунин дастовардҳои нодири он дар солҳои охир маълумоти зарурӣ ироа карда шуд.

 

 

 


Страница 259 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj