|
Ифтитоҳи коргоҳи нави дӯзандагии ҶДММ “Нассоҷии Хуҷанд”
16.09.2020 09:29, шаҳри Хуҷанд
16 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба коргоҳи нави дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ташриф оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни коргоҳ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ифтихори “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил карда шуд, дидан карданд.
Дар намоиш ҳунармандони чирадасти шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсули дастранҷи худро муаррифӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати занону бонувони хушсалиқаи вилояти Суғд баҳои баланд доданд.
Миллати тоҷик дар тӯли таърих бо тамаддуни оламшумӯл ва фарҳанги гаронбаҳо соҳибмақом аст ва ҳунарҳои мардумӣ низ ҷузъи таркибии арзишҳои миллии мо ба шумор мераванд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба эҳё ва рушди он бештар гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
МУЛОҚОТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ, КИ ДАР КОРЕЯ ТАҲСИЛ ДОРАНД
Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея бо донишҷӯёне, ки тибқи барномаи табодули академӣ дар ин донишгоҳ таҳсил доранд вохӯрии судманд анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар Донишгоҳи миллии Ҷонбук аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 10 нафар донишҷӯён тибқи барномаи табодули академӣ таҳсил намуда истодаанд, ки ин мисоли равшани рушди ҳамкориҳои муассисаҳо мебошад.

|
|
Хабарҳо
|
|
БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҶОНБУК
 Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея аз осорхонаи Донишгоҳи миллии Ҷонбук дидан намуданд.
Зимни боздид ба меҳмонон аз таърихи фаъолияти донишгоҳ, дастовардҳои самтҳои гуногун аз қабили илму техника, таълиму тарбия ва равобити байналмилалии муассиса маълумот дода шуд.
|
|
|
Ба истифода додани ҳавзи моҳипарварӣ дар ҶДММ “Рахшона”-и ноҳияи Ашт
15.09.2020 12:42, ноҳияи Ашт
Дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарвариро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” мавриди истиода қарор доданд.
Масоҳати қитъаи замини хоҷагӣ 76,6 гектар, шумораи ҳавзҳо 22 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 44,54 гектар мебошад. Ғунҷоиши ҳавзҳо дар як 1 гектар 2,5 ҳазор моҳӣ ва дар ҳамаи ҳавзҳо 101,8 ҳазор моҳӣ мебошад.
Аз руи маълумоти роҳбари хоҷагии моҳипарварӣ Шуҳрат Мамадҷонов ҳавзи моҳӣ дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт ҷойгир буда, барои парвариши моҳӣ ва ба роҳ мондани соҳаи сердаромад хеле мувофиқ мебошад.
|
|
Боздид аз нашъунамои пахта дар ҶДММ “Рахшона” дар ноҳияи Ашт
15.09.2020 11:11, ноҳияи Ашт
15 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” ташриф оварда, ба маъракаи чиниши пахта ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии “Рахшона” соли 2009 ташкил гардида, феълан 562 гектар замини корами обиро дар ихтиёр дорад.
Хоҷагии мазкур дар ҳудуди ноҳия яке аз калонтаринҳо ба ҳисоб рафта, дар пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти хоҷагидорон бо тухмии хушсифати пахта, ҳамзамон дар самти таъминоти дигар шаҳру ноҳияҳо бо чунин маҳсулот саҳм дорад. Шумораи кормандони он 450 нафарро дар бар мегирад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 260 из 654 |