• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо
БОЗДИДИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ АЗ РАФТИ ДАРСҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁНИ ҲИНДУСТОН
Дар доираи сафари корӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Аҳлиддин Ибодуллозода аз рафти дарсҳо ва корҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни як қатор факултетҳо боздид ба амал оварданд.
 

ПАЁМИ ПЕШВО - РОҲНАМОИ ҶОМЕА

7 январи соли 2022 дар факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ дар мавзуи “Паёми Пешво-роҳнамои ҷомеа” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур профессор Бобоҷон Самиев - мушовири ректори донишгоҳ, инчунин Мадина Дадобоева - декани факултети номбурда ва Г. Ҷалолова омӯзгори кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ. иштирок намуда доир ба моҳияти Паёми Пешвои миллат маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

 
Хабарҳо

ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба  боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз пистолети тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи ВМКБ хабар медиҳад.

 
Эълон

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД

Ба таваҷҷӯҳи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ расонида мешавад, ки 3 марти соли 2022 аз соати 8:00 то соати 12:00 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мегардад.

МАРҲАМАТ БА ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ!

 

 

 
Хабарҳо

 

МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КОЛЛЕҶИ ТАҲСИЛОТИ ТЕХНИКИИ ВИЛОЯТИ ПАНҶОБИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН
11 марти соли ҷорӣ дар доираи баргузории Конгресси байналмилалии таҳқиқоти бисёрсоҳа мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Аҳлиддин Ибодуллозода бо Директори генералии Коллеҷи таҳсилоти техникии вилояти Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустон доктор КНС Канг баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимиро миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода, ба роҳ мондани робитаҳои мустақими академӣ, табодули таҷриба миёни омӯзгорону муҳаққиқон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмиро муҳим арзёбӣ намуданд.
 


Страница 27 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj