• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ

Дар доираи намоиши расмҳои ҷойҳои таърихӣ ва сайёҳии Шоҳигарии Белгия, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон баргузор гардид, Мушовири Сафорати Шоҳигарии Белгия дар шаҳри Алмато оид ба масъалаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ Айҷан Муссаканова, Консули ифтихории Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Ҳакимов ва дигар шахсон аз Осорхонаи Донишгоҳ дидан намуданд.
Ба воситаи экскурсия меҳмонон вобаста ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, табиати Тоҷикистон, давлати Сомониён, шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, мероси хаттӣ ва илму фарҳанги тоҷикон, фаъолияти пурсамари Донишгоҳ ва дастовардҳои он маълумоти муфассал гирифтанд.

 

 

Боздид аз сардхонаҳо, анбори захираи маҳсулот ва фаъолияти коргоҳи

истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз мева дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт

 

116.png - 265.16 Kb15.09.2020 11:08, ноҳияи Ашт

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “АГРОАШТ” ва 2 сардхонаи навбунёдро, ки бо саҳми соҳибкори ватанӣ Бахтиёр Мақсудҷонов сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Нахуст Пешвои муаззами миллат дар маросими ба фаъолият пардохтани корхонаи навтаъсис, ки самти фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз ду навъи мева, тар ва хушк равона шудааст, ширкат варзиданд.

Корхонаи истеҳсолии “АГРОАШТ” дар паҳлуи сардхона таъсис дода шуда, беш аз 10 намуди маҳсулоти қаннодӣ, аз қабили қиёми зардолу, олу, ангур, каду, нок, себи биҳӣ, анҷир ва ғайра истеҳсол мекунад.

 

 

Боздид аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар

хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” дар ноҳияи Ашт

 

115.png - 246.20 Kb15.09.2020 11:06, ноҳияи Ашт

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар деҳоти Ошоба аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” боздид намуданд.

Токзор ва боғи интенсивӣ дар ноҳияи Ашт аз ҷониби бародарон - соҳибкорон - Зайналобиддин, Толибҷон ва Бахтиёр Махсудҷоновҳо дар доираи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи мақсадноку пурсамари замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида бунёд карда шудааст.

 
Хабарҳо

 

НАМОИШИ РАСМҲОИ ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ ВА САЙЁҲИИ ШОҲИГАРИИ БЕЛГИЯ
13-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо намояндагии Сафорати Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши иқтисод ва тиҷорати Сафорати Шоҳигарии Белгия дар шаҳри Алмато намоишгоҳи расмҳои ҷойҳои таърихӣ ва сайёҳии Шоҳигарии Белгия баргузор гардид, ки донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳ, инчунин дигар хоҳишмандон аз он дидан намуданд.
 
Хабарҳо

 

МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБИИ “ХИРАДМАНД”

 

Бузургдошти шоирон ва донишмандону чеҳраҳои адабии халқи тоҷик, ки хизматҳояшон ба халқу миллат ба дараҷаи лозимӣ расидааст, барои насли оянда қарз ва фарз мебошад.
Дар факултети забонҳои романӣ-германӣ ҷиҳати бузургдошти намояндагони адабиёти муосири тоҷик Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ маҳфили илмӣ-адабии “Хирадманд” таҳти унвони “Турсунзода ва Лоиқ – қосидони сулҳу ваҳдат” баргузор гардид.
Дар ин маҳфил шоирону ҳамнишинони устодон Турсунзода ва Лоиқ даъват гардиданд ва аз осору хазинаи маърифати ин ду абарустодони адабиёти муосири тоҷик, суханҳо намуданд.
Дар маҳфили имрӯза шоир ва донишманди соҳаи илмҳои риёзӣ, Раззоқов Абдураззоқ, шоир ва донишманди илмҳои филологӣ, Гулзода Наврӯз, доктори илмҳои фалсафа, Султонзода Соқӣ

 


Страница 261 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj