|
Истиқбол дар шаҳраки Шайдон ва ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ашт
15.09.2020 09:15, ноҳияи Ашт
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 дар деҳоти Понғоз ба маркази ноҳияи Ашт - шаҳраки Шайдон ташриф оварданд.
Шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дар давоми 29-соли Истиқлоли давлатӣ дар доираи вусъати тадбирҳои ободонию созандагӣ бо пуштибонии ҳамаҷонибаи сокинонаш аз сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум ба марҳилаи сифатан нав баромадааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ашт - шаҳраки Шайдон майдони Парчами давлатиро ба истифода дода, дар он ин рамзи муаррификунандаи давлату миллат дар арсаи байналмилалиро парафшон намуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ
Рӯзи 12.05.2025 зери раёсати муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳ Раҷабзода Сироҷиддин ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид, ки дар он муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз тибқи нақшаи сафарбарнамоии донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба "Осорхонаи Донишгоҳ" як гуруҳи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ба тамошои осорхона сафарбар гардиданд. Иқдоми мазкур бо мақсади аз наздик шинос шудани донишҷӯён бо толору гӯшаҳои осорхонаи навбунёди Донишгоҳ ва ба ин васила бештар огоҳ намудани онҳо бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, табиати зебои Тоҷикистон, дирӯзу имрӯзи фаъолияти нахустмактаби олии кишвар роҳандозӣ гардидааст. Зеро тамошои осорхона метавонад дар баланд бардоштани тарбияи сиёсиву маънавӣ, ҳуқуқӣ, эстетикӣ ва худшиносиву ватанпарастии ҷавонон таъсири мусбат гузорад.
|
|
|
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ашт ва ифтитоҳи бинои
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и деҳоти Понғоз
15.09.2020 09:14, ноҳияи Ашт
15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
Меҳмони воломақом - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти Понғоз роҳбарияти ноҳия ва сокинон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан самимона истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Понғоз бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-ро мавриди истифода қарор доданд.
|
|
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи варзишгоҳ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
14.09.2020 20:03, ноҳияи Мастчоҳ
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шумо ва кулли сокинони сарбаланди вилояти Суғдро бори дигар ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки сокинони вилоят, аз ҷумла мардуми ноҳияи Мастчоҳ ин ҷашни барои ҳар шаҳрванди ватандӯсти Тоҷикистон муқаддасу азизро дар баробари тамоми мардуми кишвар бо омодагии шоиста ва дастовардҳои арзанда таҷлил намуданд.
Мо ин падидаи некро давоми чанд рӯзи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мушоҳида кардем. Мардуми заҳматкаши вилоят тавассути татбиқи самараноки сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти корҳои ободонӣ иқдомҳои хеле назаррасро ба анҷом расонидаанд.
Ва ҳоло дар вилоят раванди ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи ҷашни муқаддасу бузурги халқамон - сисолагии истиқлоли давлатӣ босуръат идома дорад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 262 из 654 |