• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ШАНБЕГӢ ДАР ФАКУЛТЕТҲО ВА ХОБГОҲҲОИ ДОНИШГОҲ
Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созанда ва ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ шанбегии умумӣ дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва роҳравҳо ташкил ва баргузор намуд.
 

 

Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ бо 10 ҳазор ҷойи

нишаст ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳия

 

111.png - 196.53 Kb14.09.2020 20:01, ноҳияи Мастчоҳ

Дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар ҳамин ҷо бо роҳбарон ва фаъолону сокинони ноҳия мулоқот карданд.

Майдони умумии варзишгоҳ 3,2 гектарро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар он аз соли 2016 оғоз гардида буд.

Варзишгоҳ дар шаҳраки Бӯстон бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон”, “Темурҷон” ва “Эъҷози ҳунар” сохта шуд.

Варзишгоҳ аз чор минбари нишастгоҳ ва ҳамчунин барои меҳмонони олиқадр ҷойи махсус иборат аст.

Масоҳати майдон барои бозии футбол бо андозаҳои 105 метр бар 68 метр мебошад.

 

 

Ифтитоҳи қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” дар ноҳияи Мастчоҳ

 

110.png - 161.23 Kb14.09.2020 19:50, ноҳияи Мастчоҳ

Дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Ҷонмаҳмад Холиқови шаҳраки Бӯстон қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, бо иштироки наврасону ҷавонон ва дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ мавриди истифода қарор доданд.

Бунёди қасри варзиш бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштин, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзюдо, гӯштини самбо ва намудҳои дигари варзишӣ миллӣ ба роҳ монда шудааст.

 
Хабарҳо

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: «ҚАҲРАМОНИҲОИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ФРОНТ ВА АҚИБГОҲ ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ»
Дар Донишҳгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 80-солагии номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ» Давлатбеков Ниёзбек дар мавзуи «Қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар фронт ва ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
 
Хабарҳо

ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ БО ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ВА ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ШИНОС ГАРДИДАНД

Тибқи нақшаи сафарбарнамоии донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба "Осорхонаи Донишгоҳ" донишҷӯёни факултети биология ба махзани осори таърихӣ сафарбар гардиданд.
Дар аснои боздид донишҷӯён бо толори дирӯзу имрӯзу фардои кишвар, шуъбаи табиати Тоҷикистон, толори “Тамаддуни тоҷикон”, гӯшаҳои фаъолияти Донишгоҳ то истиқлол ва дар даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин гӯшаи дастовардҳои Донишгоҳ аз наздик шинос шуданд.

 


Страница 263 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj