|
Суханронӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
14.09.2020 17:43, ноҳияи Мастчоҳ
Ҳозирини гиромӣ!
Дар оғози сухан ҳамаи шумо – намояндагони мардуми сарбаланду меҳмоннавоз, бонангу номус ва созандаву ободкори ноҳияи Мастчоҳро ба муносибати бисту нӯҳумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷашни фархундаи 5500 - солагии Саразми бостонӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардида, нишонаи таърихи бостонии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, табрик мегӯям.
Воқеан истиқлолу озодӣ олитарин ва бузургтарин дастоварди мардуми тамаддунсозу фарҳангии мо буда, ҳамчун машъали фурӯзон роҳи моро ба сӯи фардои ободи Тоҷикистони азизамон равшану пурнур месозад.
Маҳз истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мову шумо имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги халқи худро ба таври шоиста қадрдонӣ кунем, анъанаву ойинҳои миллатамонро эҳё намоем, санаҳои таърихӣ ва шахсиятҳои бузурги халқамонро гиромӣ дошта, мероси бузурги маънавии гузаштагонро дар хизмати ҷомеа гузорем ва барои тарбияи наслҳои ояндасоз равона созем.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ ВА ҲУҚУҚ АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ ДИДАН НАМУДАНД
Имрӯз тибқи нақша донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ ба Осорхонаи Донишгоҳ сафарбар гардида, аз ҷониби роҳбалад гӯшаву толорҳо ва дастовардҳо шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Ба ин восита, донишҷӯён бо дастовардҳои замони истиқлол, табиати Тоҷикистон, таъриху фарҳанги миллати тоҷик, хосатан шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, фаъолияти Донишгоҳ дар зарфи беш аз 90 сол ва дастовардҳои солҳои охири ин муассиса шинос гардиданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз (08.05.2025) дар Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони раёсати Донишгоҳ, маъмурияти литсей, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуда, вобаста ба Рӯзи Ғалаба баромад намуданд.
|
|
|
Ифтитоҳ Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020 17:35, ноҳияи Мастчоҳ
Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Қасри фарҳангро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қасри тозабунёди фарҳанг дар маркази шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия боз таровати дигар бахшид.
Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тамоми шароит барои кормандон ва аҳолӣ муҳайё мебошад. Толори барҳавои иншооти фарҳангӣ барои 1000 нафар пешбинӣ шудааст.
|
|
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020 17:34, ноҳияи Мастчоҳ
Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон”-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маврид ба ёдоварист, ки Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон” баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба макони сайру истироҳати сокинон ва меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст.
Масоҳати умумии боғ 4,5 гектарро ташкил медиҳад.
Фармоишгари корҳои сохтмониву навсозӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ буда, паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Барқсохтмон” мебошад, ки бо ҷалби беш аз 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ корҳои сохтмонию навсозиро бо сифати баланд иҷро намудааст. Барои навсозии боғи мазкур 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 264 из 654 |