|
Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020 11:36, ноҳияи Мастчоҳ
Дар шаҳраки Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таври замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ҳархелаи мавсимӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни шаҳраки Бӯстон зебогии дигар зам мекунад.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз 5 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ВОХӮРИИ ВАСЕЪИ ДУҶОНИБА ҶИҲАТИ ТАЪСИСИ ШУРОҲОИ МУШТАРАКИ ДИССЕРТАТСИОНӢ
Бо ташаббуси ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва дастгирии ҷавонон дар соҳаи илм ва маориф, «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии кадрҳои ҷавон аз Федератсияи Россия меҳмонон даъват гардидааст.
|
|
Хабарҳо
|
|
ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ИНФОРМАТИКА АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ ДИДАН НАМУДАНД
Тибқи нақша донишҷӯёни факултети математика ва информатика ба Осорхонаи Донишгоҳ сафарбар гардида, аз ҷониби роҳбалад гӯшаву толорҳо ва дастовардҳо шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Ба ин восита, донишҷӯён бо дастовардҳои замони истиқлол, табиати Тоҷикистон, таъриху фарҳанги миллати тоҷик, хосатан шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, фаъолияти Донишгоҳ дар зарфи беш аз 90 сол ва дастовардҳои солҳои охири ин муассиса шинос гардиданд.

|
|
|
Ба истифода додани Маркази адлия дар ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020 11:30, ноҳияи Мастчоҳ
Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 875 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 12 утоқи корӣ, толори ақди никоҳ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон аст.
Утоқҳои бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидашуда дар ошёнаи якуми бино барои кормандони Идораи нотариалии давлатӣ пешбинӣ гардидаанд.
|
|
Боздид аз фермаи асп ва чорвои калони шохдор дар ноҳияи Мастчоҳ
14.09.2020 11:29, ноҳияи Мастчоҳ
Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ аз фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” боздид ба амал оварданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” беш аз 200 сар чорвои калони шохдор, 560 сар моли майда, 25 сар асп, 6 шутур, 12 шутурмурғ ва 10 ҳазор сар мурғи гуштӣ парвариш карда мешавад.
Фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” солҳои дароз фаъолият намекард ва он имрӯз бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Устосафар Олимов пурра навсозӣ шуда, ҳамчун комплекси замонавии чорводорӣ ва асппарварӣ фаъолияти худро пеш мебарад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 266 из 654 |