• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ШОМИ ФАРҲАНГӢ
Имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз анҷоми дарсҳо ва вақти корӣ баҳри болидахотирии устодону кормандон ва донишҷӯён барномаи фарҳангии ансамбли “Чеҳранамо”-и Донишгоҳ баргузор гардид.

 

 

Тақдими тӯхфаҳо ба ятимон дар тарабхонаи “Бустон”-и ноҳияи Мастчоҳ

 

101.png - 202.64 Kb14.09.2020 11:28, ноҳияи Мастчоҳ

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳ кардани бинои кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ дар  тарабхонаи “Бӯстон” бо ятимон мулоқоту сӯҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тибқи иттилоъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 1173 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 24 нафарашон ятими кул мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст  ятимонро ба ҷашни умумимиллӣ - 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои идомаи таҳсил ва дар оянда омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар  ҳидоят намуданд, зеро ояндаи давлат ва миллат дар дасти ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва донишманду бозаковат мебошад.

 

 

Ифтитоҳи кӯдакистони “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ

 

100.png - 235.30 Kb14.09.2020 11:24, ноҳияи Мастчоҳ

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бӯстон кӯдакистони хусусии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои нави  кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дуошёна буда, бо унсури миллӣ ва муосир бунёд гардидааст.

Муассисаи хусусии томактабӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст.

Бо назардошти ҳуҷраҳои таълимию фароғатӣ ва мувофиқи стандарти таълим дар кӯдакистон имкон аст, ҳамарӯза қариб 200 нафар кӯдаки хуштолеъи даврони соҳибистиқлол ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад.

 
Хабарҳо

ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ҲАР ОН КАС, КИ “ШОҲНОМАХОНӢ” КУНАД..." БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳии давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода рӯзи 6 майи соли 2025 даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии "Ҳар он кас, ки “Шоҳномахонӣ” кунад..." миёни донишҷӯдухтарони факултетҳои Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар озмун зиёда аз 50 нафар донишҷӯдухтарон иштирок намуданд ва дар асоси мактуби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар ғолибон ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

 
Хабарҳо

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 


Страница 267 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj