• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Ба истифода додани корхонаи коркарди шири ҶДММ “Нури Сафар” дар ноҳияи Мастчоҳ

99.png - 193.38 Kb14.09.2020 11:21, ноҳияи Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Сафар” ташриф оварда, бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд.

Корхонаи коркарди шири “Нури Сафар” филиали Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Комбинати шири Душанбе” дар ноҳияи Мастчоҳ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.

Масоҳати умумии иншоот 2 гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизот моҳи апрели соли 2019 оғоз гардидааст. Барои иҷрои босифати корҳои бунёдӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуданд. Корхонаи коркарди шир дорои ду бинои асосӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

 
Хабарҳо

ВОХӮРИИ РЕКТОР БО МАГИСТРОН

Имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо магистрони курсҳои якум ва дуюми Донишгоҳ вохурӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳсили онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати самаранок истифода бурдан аз имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дар самти илмомӯзӣ: аъзо шудан ба китобхонаҳо, навиштани мақолаҳо, ҷиддӣ омода намудани корҳои илмӣ, иштироки фаъол дар дарсҳо, фаъолона иштирок намудан дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва амсоли инҳо дастуру супоришҳо дода шуд.


 
Хабарҳо

 

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ РОССИЯ БА ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Намояндагони Донишкадаи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ ба номи Н.С. Курнаковаи Академияи илмҳои Россия дар ҳайати Ненайденко Валентин Георгиевич – д.и.х., профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия, мудири кафедари химияи органикии факултети химия ва Вошкин Андрей Алексеевич – д.и.х. профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия дар доираи ташрифи хеш ба Донишгоҳ аз осорхонаи таърихии муассиса боздид ба амал оварданд.
 

 

Боздид аз ҷамъоварии чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши

маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Резгиф”-и ноҳияи Мастчоҳ

 

98.png - 201.93 Kb14.09.2020 09:26, ноҳияи Мастчоҳ

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии “Резгиф”-и деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ шинос шуданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ дидан карданд. Номгӯи зиёди сабзавоту полезӣ ва меваҷоти тару тозаи табиӣ ба намоиш гузошта шуд.

Кишоварзони ноҳия маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, бойимҷон, тарбузу харбуза, себу нок, ангуру шафтолуро ба маъраз гузоштанд.

 

 

Ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии

рақами 42 дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ

97.png - 220.03 Kb14.09.2020 08:28, ноҳияи Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Мактаби мазкур барои 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд. Ин муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 24 синфхонаи барҳавои таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои фаннии кимиё, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

 


Страница 268 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj