• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Ифтитоҳи марҳилаи аввали фермаи парандапарварии ҶСК “Ҷасур” дар ноҳияи Зафаробод

 

94.png - 215.02 Kb13.09.2020 09:10, ноҳияи Зафаробод

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод ҳамчунин ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ҷасур” дар шаҳраки Зафаробод оғози расмӣ бахшиданд.

Дар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ҷасур” парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Чӯҷаҳо барои парвариш аз шаҳри Хуҷанд дастрас гардида, давоми 40 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2,5 то 3 килограмм вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мегарданд.

 
Хабарҳо

 

ОМӮЗГОРОНУ КАСБОМӮЗОНИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ КАСБОМӮЗИИ ДОНИШГОҲ ДАР ШАҲРИ НОРАК БО ЭКСПОЗИТСИЯИ ОСОРХОНА ШИНОС ГАРДИДАНД

 

Имрӯз омӯзгорону касбомӯзони Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Норак ба Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ворид гардида, аз толорҳои намоишии он дидан намуданд.
Ба ин восита, онҳо бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, табиати зебои Тоҷикистон, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, фаъолияти пурсамари нахустмактаби олии кишвар ва дастовардҳои он дар солҳои охир шинос гардиданд.

 

 

 

 
Хабарҳо

 

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

 

Рӯзи 05.05.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

 

 

 

Ба истифода додани маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат”

дар ноҳияи Зафаробод ва тақдими тӯҳфа ба 40 нафар ятим

 

93.png - 189.68 Kb13.09.2020 09:08, ноҳияи Зафаробод

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат”-ро, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Дилшод Раҳматуллоев бо дастгирӣ ва маслиҳати падараш дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

Корҳои сохтмони иншооти мазкур 10 - сентябри соли 2019 оғоз гардида, он дар муддати як сол бо ҷалби сохтмончиёну мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯйи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом пазируфт.

 

 

Ифтитоҳи Корхонаи коркардаи шири ҶДММ “Шири Зафаробод” дар ноҳияи Зафаробод

 

92.png - 231.67 Kb13.09.2020 09:07, ноҳияи Зафаробод

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Зафаробод”-ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши истеҳсолии корхона дидан намуданд.

Дар ин корхонаи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғу дуғоб ва маска ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Зафаробод дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Наврӯз Комилов бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шуда, бо хатҳои муосири истеҳсолӣ таъмин гардидааст.

 


Страница 270 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj