• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

Мусаллам аст, ки рубоӣ аз навъҳои хеле маъмули назми форсии дарии тоҷикӣ дар асрҳои даҳум ва ёздаҳум ба шумор рафта, тамоми шоирони давраҳои гуногун аз ин тариқаи эҷоди бадеӣ барои расонидани ҳадаф ва матлабу мазомини иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, адабӣ, маърифатӣ, фалсафӣ, динию мазҳабӣ васеъ истифода бурдаанд. Дар баробари ин ки ҳамаи шоирони бузург камокон рубоӣ ва дубайтӣ эҷод кардаанд, барои як иддаи бузурги донишмандон ва орифони суханвар рубоӣ ба сифати навъи асосии фаъолият эҷодӣ ва василаи изҳори завқу маром будааст (ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С.5). Ҳаким Умари Хайём аз ҷумлаи ин донишмандон маҳсуб меёбад, ки аз тариқи рубоисароӣ ҳикмату фалсафа, мушкилоти зиндагӣ ва воқеиёти давру замонро ифода намудааст.
 

БУНЁДИ МИЛАТ АЗ МАОРИФ ОҒОЗ МЕЁБАД

7 январи соли 2022 дар факултети забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои меҳварии Паёми Пешвои миллат дар мавзуи “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад” баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Абреза Ниятбекова - декани факултет оғоз намуда, зимнан дар мавзуи “Рушди маориф дар меҳвари Паёми Пешвои милат ” андешаронӣ кард.

 
Хабарҳо

СТРАТЕГИЧЕСКИЕ ПОБЕДЫ И ПОРАЖЕНИЯ

 
Хабарҳо

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълими географияи мактабӣ дар давраи татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.
Чорабинии илмӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мутахассисони соҳаи география доир гардида, дар он масъалаҳои муҳими рушди таълими география дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 

 

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ОЛИМОН БАРГУЗОР ГАРДИД

4.JPG - 58.63 Kb29 декабри соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеи Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати устодону кормандон, профессорон, садорати факултетҳову мудирони кафедраҳо ва роҳбарони зерсохторҳои донишгоҳ  баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур нахуст ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ сухан намуда, ба ҷаласаи ҳусни оғоз бахшид. Сипас “Ҳисобот доир ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” аз ҷониби ректори донишгоҳ шунида шуд, ки дар он пиромуни фаъолияти 5 самти асосии ин муассисаи таълимӣ сухан рафт. Пас аз анҷоми маърӯзаи сарвари донишгоҳ профессорон Биҳафиза Маҷидова, Шамсиддин Солеҳов, Акобир Мирзораҳимов ва муовини ректор оид ба корҳои таълим Абдусалом Мирзозода доир ба пешравиҳову пешбиниҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ барои соли 2022 ба музокира баромаданд.

 


Страница 28 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj