• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

 

БАРРАСИИ ДУРНАМО ВА МУШКИЛОТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ РЕКТОРОН

3 майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, раиси Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, аъзои Шуро - ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин кормандони масъули Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд.
 

 

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод ва ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатии “Диёр”

 

91.png - 217.83 Kb13.09.2020 09:07, ноҳияи Зафаробод

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.

Ноҳияи Зафаробод дар даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирию таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба рушд намуда, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш дар заминаи татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ ва амалисозии тадбирҳои созандагию ободонӣ бамаротиб беҳтару хубтар гардидааст.

Бояд таъкид кард, ки сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо назардошти риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ сурат гирифта, ҳамчунин Роҳбари давлат аз  дигар масъулин талаб менамоянд то меъёрҳои муқарраргардида ба хотири пешгирӣ аз сироятёбиву паҳншавии бемории Ковид-19 ҳамаҷониба иҷро карда шавад.

 

 

Суханронӣ ба муносибати 5500 - солагии Саразм

 

90.png - 272.42 Kb12.09.2020 19:06, шаҳри Панҷакент

Ҳамватанони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Бо камоли ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостониро, ки на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс - Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад, ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – бисту нӯҳсолагии истиқлоли давлатӣ ва 5500 – солагии Саразм табрик мегӯям.

Арҷгузорӣ ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи ойину анъанаҳои неки аҷдодӣ, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии халқи тоҷик ба мардуми шарифи Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ муяссар гардид.

 
Хабарҳо

 

ЧОПИ МАҚОЛАИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ДАР МАҶАЛЛАИ МАШҲУРИ ЛОНДОН

Мақолаи декани факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Талбакзода Фарҳод дар маҷаллаи машҳури Лондон “IntechOpen” ба нашр расид.
Мақола марбут ба илмҳои дақиқ буда, таҳти унвони “Approximation of Uniform Almost Periodic Functions by Inclusions and Integrals” нашр шудааст.
Албатта пешрафти илмӣ тавассути ҳамкорӣ тавлид мешавад ва чопи мақолаҳои илмии омӯзгорони донишгоҳ дар ингуна маҷаллаҳои бонуфуз имкон фароҳам меорад, то онҳо табодули таҷриба намоянду дастовардҳои илмии худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва аз ҳамкасбони худ аз дигар кишварҳои олам донишҳои нави илмиро бардошт намоянд.

 


 

 

 
Хабарҳо

ИШҒОЛИ ПАНҶ ҶОЙ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пайдо намудани хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд байни хонандагони синфҳои 5-11-и литсею гимназияҳо ва муассисаҳои миёнаи ҷумҳурӣ аз рӯйи 13 фанни таълимӣ олимпиада баргузор намуд. Олимпиада аз чор давр иборат буд, ки моҳи апрел даври чоруми он (ҷумҳуриявӣ) ҷамъбаст карда шуд.
Дар олимпиадаи мазкур хонандагони Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори панҷ ҷойи ифтихорӣ (сеюм) гардиданд:

 


Страница 271 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj