|
Мулоқот бо олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм
12.09.2020 19:02, шаҳри Панҷакент
12 сентябр дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм суханронӣ карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати 29 - солагии истиқлоли давлатӣ ва 5500-солагии Саразм табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи донишмандону муҳаққиқон ва иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии “Саразм - оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон”- ро ба диёри зебоманзари Тоҷикистон ва шаҳри бостонии Панҷакент хайрамақдам гуфтанд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ХОНИШИ СИЁСӢ: “МАҚОМИ ЗАН ДАР ТАЪРИХИ ТОИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН”
Имрӯ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ хониши сиёсӣ дар робита ба яке аз мавзуъҳои муҳим – “Мақоми зан дар таърихи тоисломии Тоҷикистон” баргузор гардид. Мавзуъи мазкурро омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқ Маҳмудов Давлатшо бо далелу ҳуҷҷатҳои собитшуда равшан маънидод намуданд
.
|
|
Хабарҳо
|
|
ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ БО АҲЛИ РАЁСАТ ВА ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁН
Имрӯз тибқт нақша-чорабиниҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони ин ниҳод бо аҳли раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Таҳмина сардори раёсати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва Холов Раҳматулло прокурори калони раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
|
|
Иштирок дар тантанаҳои ҷашни 5500-солагии Саразм
12.09.2020 19:00, шаҳри Панҷакент
Нимаи дуюми рӯзи 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500 - солагии Саразм, ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ин мавзеи бостонӣ Рамзи Саразмро, ки дар болои сутунпоя бо баландии 27 метр қомат афрохтааст, ифтитоҳ карданд. Баъди садо додани гимни Саразм тантанаҳо ба муносибати 5500-солагии Саразм оғоз ёфтанд.
|
|
Хабарҳо
|
|
МАОРИФИ КИШВАР БО НЕРУИ ТОЗА ҒАНӢ МЕГАРДАД

БЕШ АЗ 400 ХАТМКУНАНДАИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРӢ ДАР СОЛИ 2025 БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ РАВОНА МЕГАРДАНД 2 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи тақсимоти мутахассисони ҷавон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, намояндаи раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм, муовини аввали ректори донишгоҳ оид ба корҳои таълимӣ, инчунин 75 нафар намояндаи шуъбаҳои маориф аз шаҳру ноҳияҳо ҳузур доштанд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 272 из 654 |