|
Ифтитоҳи бинои Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии
молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшони вилояти Суғд
12.09.2020 12:48, шаҳри Панҷакент
12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшони вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент қомат афрохта, корҳои сохтмонӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом дода шуд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дар он барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.
|
|
|
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72
дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент
12.09.2020 12:43, шаҳри Панҷакент
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-ро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни боздид аз мактаби нав ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи навбунёди сеошёна барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам мебошад.
Дар иншоот 26 синфхона, ҳар кадоме бо 24 ҷойи нишаст, синфхонаҳои фаннии информатика, забонҳои русиву англисӣ, озмоишгоҳҳои фаннҳои химия, физика, ҳуҷраи омӯзгор ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир карда шудааст. Муассиса бо 46 компютер, тахтаи электронӣ, лавозимот барои гузаронидани озмоишҳо дар дарсҳои физикаву химия таъмин мебошад.
|
|
Боздид аз ҷамъоварии картошка дар Хоҷагии деҳқонии
“Роҳи абрешим”-и шаҳри Панҷакент ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ
12.09.2020 10:17, шаҳри Панҷакент
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент аз намоишгоҳи кишоварзони шаҳр ва ҷамъоварии картошка дар Хоҷагии деҳқонии “Роҳи абрешим” дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки деҳқонони шаҳри Панҷакент бо истифода аз имкониятҳои мусоиди табиӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироатҳои кишоварзиро ба таври матлуб ба роҳ мондаанд.
Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ 28 ҳазору 152 гектарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта қариб 500 гектар зиёд мебошад.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ПЕДАГОГИКА АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ ДИДАН НАМУДАНД
Имрӯз ду гуруҳ донишҷӯёни факултети педагогика тибқи нақша-чорабинӣ ба Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ворид гардида, аз толорҳои намоишии он дидан намуданд. Ба воситаи экскурсия аз ҷониби шахси масъул ба донишҷӯён дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, табиати зебои Тоҷикистон, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва фаъолияти пурсамари нахустмактаби олии кишвар ва дастовардҳои он дар солҳои охир муаррифӣ карда шуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ
Рӯзи 30.04.2025 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ тибқи дастури Вазорати маориф ва илми ҶТ чорабинии фарҳангии худро бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии забони фаронсавӣ ташкил ва баргузор намуд. Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қурбонзода Р.В., сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, атташеи фарҳангии сафорати мазкур Жули Оффре-Карю, декани факултети забонҳои романӣ-германӣ Исломзода Ҷ., мудири кафедраи забони фаронсавӣ Султонзода С., меҳмонони ватанию хориҷӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни факултети забонҳои романӣ-германӣ ширкат намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 273 из 654 |