• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Боздид аз истифодаи самараноки қитъаи замини

наздиҳавлигии оилаи Воисовҳо дар шаҳри Панҷакент

 

84.png - 197.10 Kb12.09.2020 10:07, шаҳри Панҷакент

12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар деҳаи Бостондеҳи деҳоти Саразм, аз истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигии бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо диданд намуданд.

Масоҳати замини дар ихтиёрдоштаи бародарон Воисовҳо 1000 метри мураббаъро ташкил дода, 10 садякаш қитъаи зироаткории ин оиларо ташкил медиҳад. Хоҷагидорон бо мақсади истифодаи оқилонаи замин дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, анвои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, сабзӣ, картошкаву пиёз, шалғам, турб, карам, қаламфури булғорӣ, маккаи дон, лӯбиёгӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ кишт намудаанд.

 
Хабарҳо

ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҚАЗОҚИСТОН РУШД МЕЁБАНД

30 апрели соли ҷорӣ Қурбонзода Рухшона муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ намояндагони Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ ва “Фонди АвруОсиё” бо роҳбарии Айдарбеков Зейнабилро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба фаъолияти самараноки тарафайн ибрози андеша намуда, омодагиҳои хешро оид ба ҳамкории мутақобилан судманд баён намуданд.
Ҳамчунин, дар рафти мулоқот як қатор масоили муносибатҳои байниҳамдигарӣ, аз ҷумла сафарбаршавии академии донишҷӯён ва омӯзгорон, табодули таҷрибаи устодон тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ, иштирок дар конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо, лоиҳаҳои грантии муштарак ва дигар самтҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.


 
Хабарҳо

БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ҚАЗОҚИСТОН АЗ ОСОРХОНА

Имрӯз намояндагони Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ ва “Фонди АвруОсиё” бо роҳбарии Айдарбеков Зейнабил ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Қурбонзода Рухшона ва дигар шахсони масъул дар саҳни бинои асосӣ пешвоз гирифта, сипас аз осорхонаи ин даргоҳ дидан намуданд.
Ба воситаи экспозитсияи осорхона меҳмонон бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, табиати зебои Тоҷикистон ва фаъолияту дастовардҳои нахустмактаби олии кишвар аз наздик шинос гардиданд.


 

 

Ифтитоҳи Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи

“Мармари Саразм” дар шаҳри Панҷакент

83.png - 229.07 Kb12.09.2020 09:46, шаҳри Панҷакент

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Панҷакент баъд аз таҷдиду муҷаҳҳазгардонӣ Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Мармари Саразм”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи “Мармари Саразм” дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегияи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори ҶСП “Корпоратсияи Сомон-Суғд” фаъол карда шуд.

Корхонаи мазкур бо ҷалби 30 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор дароварда шуда, аз коргоҳҳои ояндадори минтақа дониста мешавад. Кор дар ин ҷо тавассути техникаҳои муосири соҳавӣ ва бо ҷалби мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.

 

 

Боздид аз ҶСК “Маърифатпарвар” дар шаҳри Панҷакент

82.png - 233.21 Kb12.09.2020 09:07, шаҳри Панҷакент

12 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Маърифатпарвар”-и назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Корхонаи “Маърифатпарвар” дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, Парки технологиро таъсис додааст, ки он дорои имкониятҳои васеъ барои истеҳсоли номгӯйи зиёди маҳсулот ва омӯзиши технологияи инноватсионӣ мебошад. Роҳбарияти муассиса дастгоҳи мевахушккунии муосир харидорӣ карда, коргоҳи меваи хушк ва сардхонаро фаъол гардонидаанд.

 


Страница 274 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj