• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

 

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ “МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ ВА РОҲҲОИ ИҚТИСОДИ САБЗ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР”
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои экологӣ ва роҳҳои иқтисоди сабз дар замони муосир” баргузор гардид.
Конфронси мазкур дар доираи амалигардонии “Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар
 

 

Ба истифода додани меҳмонхонаи “Саразм плаза” дар

шаҳри Панҷакент ва тақдими туҳфаҳо ба 30 ятими кулл

 

81.png - 210.27 Kb12.09.2020 09:05, шаҳри Панҷакент

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи “Саразм плаза”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятими кулл мулоқот карданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, меҳмонхонаи шашошёна аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Панҷакентсоз” бо пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар он мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

 

 

Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент ва ба истифода

додани Беморхонаи марказӣ

 

80.png - 214.25 Kb12.09.2020 08:23, шаҳри Панҷакент

12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сарвари давлатро сокинони ноҳия, ҷавонон, кормандони касбу кори гуногун ва фаъолон бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Бояд гуфт, ки сафарҳои кории Президенти мамлакат ба ин шаҳр пайки ободониву бунёдкорӣ оварда, ин навбат низ бо иштироки Пешвои муаззами миллат корхонаҳои истеҳсолӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустиву фарҳанг мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

 
Хабарҳо

ИШҒОЛИ ДУ ҶОЙ ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН"

Рӯзи 30-уми апрели соли 2025 дар ноҳияи И. Сомонӣ маросими қадрдонии иштирокчиёни даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур ду хонандаи Литсейи назди ДДОТ ба номи С. Айнӣ аз рӯйи номинатсияи “Сарояндагӣ” – Ғоибов Саидамин сазовори ҷойи дуюм ва Сафарова Бибиоиша сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи И. Сомонӣ роҳбари ҳаракати олимпии Литсейи назди ДДОТ ба номи С. Айнӣ Комрони Маҳмадкарим бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

 
Хабарҳо

БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз тибқи нақшаи сафарбарнамоии донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба "Осорхонаи Донишгоҳ" як гуруҳ донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти рус аз осорхона дидан намуданд.
Дар доираи сайри осорхонавӣ донишҷӯён бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, табиати зебои Тоҷикистон, таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва фаъолияти пурсамари нахустмактаби олии кишвар ва дастовардҳои он солҳои охир бештар шинос гардиданд.

 


Страница 275 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj