|
Ба истифода додани ҶДММ “ТАЛКО Флюорит” дар мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ
12.09.2020 08:05, ноҳияи Айнӣ
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъиноташ гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.
Дар фурудгоҳи муваққатии мавзеи Саратоғи ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро роҳбарият ва фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мавзеи Саратоғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Флюорит”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ШОМИ ФАРҲАНГӢ
Имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баъд аз анҷоми дарсҳо ва вақти корӣ баҳри болидахотирии устодону кормандон ва донишҷӯён барномаи фарҳангии ансамбли “Чеҳраннамо”-и Донишгоҳ баргузор гардид.
|
|
Хабарҳо
|
|
БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАЪОЛ АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз тибқи нақшаи сафарбарнамоии донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба "Осорхонаи Донишгоҳ" як гуруҳи донишҷӯёни фаъоли ҳамаи факултетҳо ба тамошои осорхона сафарбар гардиданд. Иқдоми мазкур бо мақсади аз наздик шинос шудани донишҷӯён бо толору гӯшаҳои осорхонаи навбунёди Донишгоҳ ва ба ин васила бештар огоҳ намудани онҳо бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, табиати зебои Тоҷикистон, дирӯзу имрӯзи фаъолияти нахустмактаби олии кишвар роҳандозӣ гардидааст.
|
|
|
Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор...
Имрӯз Толибҷон Самизода номзади илмҳои иқтисодӣ, корманди пуртаҷрибаву маҳоратманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, саромӯзгори кафедраи иктисодиёт ва идоракунии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсонаш, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуд.
|
|
«Авангард» -пешоҳангони донишгоҳ
Санаи 10-уми сентябри соли равон дар толори бинои асосии донишгоҳ вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони гурӯҳи «Авангард»-и донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур нахуст сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Давлатхон Назаров баромад намуда доир ба фаъолияти ҷавонони «Авангард» дар давраи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар идома гурӯҳи «Авангард»-и донишгоҳ таъсис дода шуда, дар он омӯзгорони ҷавони то сини 30 -сола ҷалб гардиданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 276 из 654 |