• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

«НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲҚИҚИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК»

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мавзуи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи ифтитоҳии конференсия дар толори асосӣ баргузор гардида, муовини ректор оид ба корҳои имлӣ Раҷабзода Сироҷиддин Икром сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба саҳми ҳозирин расониданд.

 

 

Нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров

 

70.png - 111.50 Kb08.09.2020 12:08, шаҳри Душанбе

Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз тарафи чопхонаи «Нашриёти муосир» оғоз шуда, нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мегардад.

 

 

Паёми шодбошӣ ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

69.jpg - 78.22 Kb08.09.2020 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори бисту нӯҳумин солгарди рӯйдоди бузурги таърихи навини кишварамон, яъне Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як сокини мамлакат рӯзгори ободу осуда, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Бисту нӯҳ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад.

Тоҷикистони тозаистиқлоли мо бо гуноҳи хоинону душманони миллати тоҷик ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба зарбаи ҷонкоҳи таърихи худ - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.

 
Хабарҳо

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 
Хабарҳо

ИШҒОЛИ ҶОЙҲОИ 1-УМ ВА 3-ЮМ ДАР ДАВИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Бахшида ба 80 солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби намояндагии Россотрудничество дар шаҳри Душанбе мусобиқаи дави байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа донишҷӯи курси дуюми факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Баротова Маҳина миёни духтарон бо давидан ба масофаи 7 км сазовори ҷойи 1-ум гардид.
Ҳамчунин омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Одинаев Меҳробҷон миёни мардон бо давидан ба масофаи 7 км сазовори ҷойи 3-юм гардид.


 


Страница 277 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj