|
Хабарҳо
|
|
ИШҒОЛИ ҶОЙИ 1-УМ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "МАГИСТРАНТИ СОЛ"
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрел соли равон миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии "Магистранти сол" ташкил ва баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур магистранти соли аввали ихтисоси таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ниёзов Дилшод фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид. Рӯзи 25 апрели соли 2025 дар ҷамъбасти "Рӯзи илми тоҷик" Ниёзов Дилшод аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоиза, диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид.

|
|
|
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ
Республика Таджикистан
Проект «Развития высшего образования»
Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни
|
|
Боздид аз “Боғи Ватан” дар шаҳри Турсунзода
07.09.2020 11:50, шаҳри Турсунзода
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори Хоҷагии деҳқонии “Ватан” шинос шуданд.
Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҚАДРДОНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, ки имсол аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ таҳти унвони “Моликияти зеҳнӣ ва мусиқӣ. Назми моликияти зеҳниро эҳсос намо!” таҷлил мегардад, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
|
|
Хабарҳо
|
|
КОНФЕРЕНСИЯ ДАР МАВЗУИ «МУАММОҲОИ МУОСИРИ МАТЕМАТИКА ВА ТАЪЛИМИ ОН»
Имрӯз, 26-уми апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои факултети математика ва информатика конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ дар мавзуи «Муаммоҳои муосири математика ва таълими он» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) баргузор гардид.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 279 из 654 |