• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Боздид аз “Боғи Сомон” дар шаҳри Турсунзода

07.09.2020 11:48, шаҳри Турсунзода

Дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои “Боғи Сомон” дар Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” шинос шуданд.

Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.

 
Хабарҳо

 

ШАНБЕГӢ ДАР БОҒИ АГРОБИОЛАБОРАТОРӢ

 

Кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба таври ҳамешагӣ дар иқдомҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист фаъолона ширкат менамоянд. Дар ин доира имрӯз дар ҳудуди Боғи "Агробиолабораторӣ"-и Донишгоҳ дар дараи Ромит шанбегии дастаҷамъӣ гузаронида шуд. Кормандону донишҷӯёни Донишгоҳ атрофи биною дарахтони боғро аз партовҳои гуногун ва алафҳои худрӯй тоза ва гирди дарахтонро нарм намуданд. Чунин иқдом метавонад дар тоза ва ободу зебо намудани як гӯшаи Ватан мусоидат намояд.


 

 

 
Хабарҳо

 

МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: СОЛИМГАРДОНӢ ВА ҶАЛБИ ҶАВОНОНУ ДОНИШҶӮЁН БА ВАРЗИШ

 

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ба варзиш ин субҳ машқи пагоҳирӯзӣ дар майдони Аҳмади Дониш баргузор карда шуд.
Ҳамин тавр, субҳи имрӯз дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён ширкат варзида, ба обутоби бадан машғул шуданд.

 

 

 

 

 

Боздид аз хушккунии ангур (мавиз) дар хоҷагии

деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат”-и шаҳри Турсунзода

 

07.09.2020 09:36, шаҳри Турсунзода

7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода ба Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” ташриф оварданд.

Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.

 

 

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хӯроквории

ҶДММ “Сардор-2008” дар шаҳри Турсунзода

 

07.09.2020 09:32, шаҳри Турсунзода

7 сентябр ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сардор-2008” оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат нахуст аз намоиши маҳсулотҳои коргоҳ дидан карда, ба сифат ва намои анвои маҳсулоти омодагардида баҳои баланд доданд.

Қобил ба зикр аст, ки корхонаи мазкур аз соли  2010-ум инҷониб дар бинои иҷора фаъолият мекард ва шумораи кормандонаш 9 нафарро ташкил медод. Акнун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов, корхона бо бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нав таъмин гардида, ба ин васила шумораи кормандон низ ба 250 нафар расонида шуд.

 


Страница 280 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj