|
Хабарҳо
|
|
ИШТИРОК ВА МУАРРИФИИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲҚИҚОТИ БИСЁРСОҲА ДАР ҲИНДУСТОН
Рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар кори Конгресси байналмилалии XIV оид ба таҳқиқоти бисёрсоҳа (14th International Conference on Multidisciplinary Research) иштирок намуданд. Чорабинии мазкур аз 10 то 12 марти соли 2026 дар заминаи Коллеҷи таҳсилоти техникии вилояти Панҷоб (Гуруҳи институтҳои Панҷоб, Донишгоҳи техникии Панҷоб) дар музофоти Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Муҳаммад Наҷибулло – ин ном шояд барои насли ҷавон кам ошност.
|
|
Хабарҳо
|
|
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҚИСМИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ
Дар ҷаласаи навбатии қисмии илми донишгоҳ сардорони раёсат, сохторҳо ва муовинони деканони факултет оид ба илм ширкат варзиданд. Сараввал муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И. иброз дошт, ки вобаста ба сарфаи вақт ва баргузории чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ҷаласаҳои моҳҳои феврал ва март ба таври муштарак баргузор мешаванд.
|
|
|
МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ ВА МУШКИЛОТИ
ТАТБИҚИ ОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ
25 декабри соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ дар мавзуи “Муносибати босалоҳият ба таълим ва мушкилоти татбиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ба ифтихори 90-солагии таъсисёбии факултети филологияи тоҷик баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон баромад намуда, қайд дошт, ки муносибати босалоҳият дар таълим ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ, маърифатӣ ва касбӣ равона карда шуда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани шогирдони сазовор ва ҳаматарафа такомулёфта нигаронида шудааст. Сипас, профессорон Шарифмурод Исрофилниё, Абдусамад Мулоев, Рухшона Восиева, Саъдулло Нематов ва Ирина Каримова баромад намуданд.
|
|
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ
90-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ
“Таърихи ташаккулёбӣ ва фаъолияти Донишгоҳи омӯзгорӣ як пораи таърихи нави миллати мост”.
Эмомалӣ Раҳмон
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз аввалин муассисаи олии касбии кишвар ба ҳисоб рафта, 18-уми июли соли 1931 дар заминаи ду шуъбаи факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таъсис дода шуд, ки соли ҷорӣ аз таъсиси ин боргоҳи илму маърифат 90 сол сипарӣ гашт.
Ба ин муносибат, 24 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди низоми маориф” бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, даспарварону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 29 из 654 |