• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ТАСДИҚИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Имрӯз аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи методикаи таълими забони англисӣ ва забонҳои Шарқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Бобоҷонова Мунира тасдиқ гардида, ба гирифтани унвони номзади илмҳои педагогӣ мушарраф шуд.
Аҳли раёсати Донишгоҳ мавсуфро самимона муборакбод намуда, барояш фатҳи қуллаҳои баланди илмро таманно дорад.

 

 

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода

 

07.09.2020 09:30, шаҳри Турсунзода

7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.

Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 6 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, баландии пояи он бо дарназардошти таҳкурсиаш 50 метрро ташкил медиҳад. Парчами давлатӣ дар маркази шаҳр қомат афрохта, андозаи матои он 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.

Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода яке аз иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар рафти бунёди он коргарони маҳаллӣ бо риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ иншоотро бунёд ва майдони назди Парчамро ба макони зебои сайру саёҳати мардум табдил доданд.

 

 

Ба истифода додани беморхонаи хусусии «Нури шифо» дар шаҳри Турсунзода

07.09.2020 08:23, шаҳри Турсунзода

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маркази табобатии «Нури шифо»-ро дар кӯчаи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷамияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури шифо» дар доираи иқдомҳои созанда ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани солгарди навбатии истиқлоли давлатӣ ва ҷавобгу сохтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷурахон Хоҷамқулов бо маблағи умумии беш аз 2 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои шароити мусоиди кору хизматарасонӣ мебошад.

Сарвари давлат аз шароити замонавии  маркази табобатии «Нури шифо», ки аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

 
Хабарҳо
ХОНИШИ СИЁСӢ: “ТӮРОН – ВАТАНИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКОН”

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи зарурии кормандон ва омӯзгорон бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода минбаъд дар Донишгоҳ хонишҳои сиёсӣ дар мавзуъҳои гуногуни муҳиму зарурӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Дар ин доира, имрӯз дар Донишгоҳ хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқ Маҳмудов Давлатшо баромад намуд.
Мавсуф дар мавзуи “Тӯрон – Ватани таърихии тоҷикон” муфассал маърӯза намуда, зарурат ва муҳиммияти онро ба саҳми аҳли толор, махсусан омӯзгорон баён кард.
Пас аз ин низ хонишҳои сиёсӣ идома ёфта, ҳар ҳафта як маротиба бо фаро гирифтани кормандону омӯзгорон ташкил ва гузаронида мешаванд.


 
Хабарҳо

ДАВРИ НАВБАТИИ МАҲФИЛ-ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ “МАҲОРАТ–2025” МИЁНИ ДАСТАҲОИ “КИМЁГАРОН” ВА “ИБТИДО” БАРГУЗОР ГАРДИД

Тибқи низомнома ва ҷадвали тасдиқгардидаи қисми тарбия дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар нимсолаи дуюми соли хониши 2024-2025 миёни дастаҳои донишҷӯёни факултетҳо маҳфил-озмуни донишгоҳии “Маҳорат-2025” роҳандозӣ гардидааст.
Раёсати Донишгоҳ бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғиби фарҳанги миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав имрӯз тибқи ҷадвали озмуни мазкур дар маҳфил-озмуни донишгоҳии “Маҳорат-2025” дастаи "Кимёгарон"-и факултети химия ва дастаи "Ибтидо"-и факултети педагогика

 


Страница 281 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj