• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Ба истифода додани зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ

дар кӯчаи Исмоилӣ Сомонии шаҳри Турсунзода

 

07.09.2020 08:19, шаҳри Турсунзода

7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и “Равшан”- ро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат нахуст бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳи барқӣ,  воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Дар бинои танзим ва ҳимояи релегӣ нақшаи якхатаи зеристгоҳи мазкур, ки базаи асосии идораи таъминкунандаи нерӯи барқ маҳсуб мешавад, муаррифӣ гардид.

 
Хабарҳо

 

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ
Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ профессор Раҷабзода С. бо донишҷӯёне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ иштирок менамоянд вохӯрӣ доир намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода моҳи феврали соли равон даври дуюми олимпиадаи мазкур миёни донишҷӯёни донишгоҳ ташкил ва баргузор гардид. Дар натиҷа 15 нафар донишҷӯ аз рӯи 15 фанни таълимӣ ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи
 
Хабарҳо

 

РОҲАНДОЗИИ ДАРСҲОИ КУШОД ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ КАСБОМӮЗИИ ДОНИШГОҲ ДАР ШАҲРИ НОРАК
Дар асоси дастури ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар Маркази таълимӣ-касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриидин Айнӣ дар шаҳри Норак дарсҳои кушод роҳандозӣ гардид.
Дар ин доира, аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи Донишгоҳ дар ин марказ ба касбомӯзон дар мавзуъҳои мухталиф дарсҳои кушод баргузор карда мешавад.
Имрӯз дарси кушод аз ҷониби ёрдамчии ректори Донишгоҳ, номзади илмҳои психологӣ, дотсент Солеҳзода Мадина дар мавзуи “Таснифоти
 

 

Оғози ҷамъоварии шолӣ дар ҶСК “Ҳақиқат”-и шаҳри Турсунзода

07.09.2020 08:16, шаҳри Турсунзода

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии шолӣ дар Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Ҳақиқат”-и шаҳри Турсунзода оғоз бахшиданд.

Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.

Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода имрӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироатҳо ва дигар маводи ниёзи аввал, шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешавад.

 

 

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода

07.09.2020 08:12, шаҳри Турсунзода

7 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Дар ин сафар Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳадафи ин сафари Пешвои муаззами миллат шиносоӣ аз рафти иҷроиши “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат мебошад.

 


Страница 282 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj