• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

РАИСОНИ ШУРОҲОИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТИ ВИЛОЯТҲО, МИНТАҚАҲО ВА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ДИДАН НАМУДАНД

Дар доираи семинар-машварат бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, раисони шуроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дидан намуданд.
Меҳмонон нахуст аз утоқи собиқадорон, ки бо дастуру дастгирии бевоситаи ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъсис дода шудааст, дидан намуда, бо фаъолият ва мероси мондагори собиқадорон аз наздик шинос гардиданд.
Сипас аз осорхонаи навбунёди Донишгоҳ дидан намуда, бо толорҳои намоишии он шинос гардиданд. Зимни боздид ба онҳо вобаста ба толору гӯшаҳои осорхона аз ҷумла таъриху

 
Хабарҳо

 

ВОХӮРИИ СУДМАНД БАҲРИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

 

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар самти татбиқи стратегияи муқовимат бо коррупсия ва стратегияи муқовимат бо терроризму экстремизм вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар он намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Фаромарз ва Шамсиддинзода Насим, муовинони ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, деканҳо, сардорони раёсату шуъбаҳо ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Вохӯрӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, дар ҷараёни он зикр шуд, ки

 

 

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

 

58.png - 122.58 Kb04.09.2020 11:44, шаҳри Душанбе

4 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни кишвар, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозони содиқи Ватанро барои хизматҳои шоён дар назди давлату миллат қадрдонӣ менамоем.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо заҳмати аҳлонаву софдилонаи мардуми созандаву бунёдкори тоҷик сол ба сол ободу зебо гардида, шароити зиндагии сокинони кишвар мунтазам беҳтар шуда истодааст.

 

 

Унвони “Хизмати шоиста” ба бонуи шоиста...

59.jpg - 80.93 KbРаёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, декани факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мадатзода Манзураи Тоҷиддинро барои сарфароз гаардиданашон бо медали “Хизмати шоиста” бо арзи сипос табрику таҳният гуфта,  барояшон беҳтарин дастовардҳои  илмиву эҷодӣ ва бурдбориҳои зиёдеро таманно менамояд.

 
Хабарҳо

ШОМИ ФАРҲАНГӢ
Бегоҳи имрӯз, баъд аз анҷоми дарсҳо баҳри истироҳату фароғати устодону кормандон ва донишҷӯён аз ҷониби ансамбли “Чеҳрнамо”-и Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки боиси хушҳолии ҳамагон гардид.

 


Страница 283 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj