• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

 

ДАСТОВАРДИ АРЗИШМАНД

 

“Сиёсатшиносӣ” – чунин ном дорад китоби дарсие, ки ба тозагӣ дар нашриёти “Меҳроҷ-граф” интишор гардид. Он зери роҳбарии профессор А.Ю. Мелвил аз ҷониби коллективи муаллифони факултаи сиёсатшиносии Институти муносибатҳои байналмилалии Маскави Донишгоҳи Вазорати корҳои хориҷии Русия таҳия шуда, онро номзади илмҳои сиёсӣ, сардори раёсати таълими ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Раҷаб Ҳакимов ба забони тоҷикӣ тарҷима намудааст.
Китоб аз 12 боб иборат буда, хусусияти энсиклопедӣ дорад ва маҷмуаи васеи донишҳои сиёсӣ ва саҳми сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳониро дар таҳқиқи раванди ҳодисаҳои сиёсӣ дарбар мегирад.
 

 

Ифтитоҳи Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват”

дар шаҳри Душанбе

 

46.png - 153.94 Kb01.09.2020 11:47, шаҳри Душанбе

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи ташхисию табобатии “Аҳвар-Аҳват”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи нави ташхисию табобатӣ дар ду ошёнаи аввали бинои 18-ошёнаи навбунёди истиқоматӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самти Рушд” таъсис дода шуд.

 

 

Ба истифода додани сардхона дар шаҳри Душанбе

 

45.png - 208.62 Kb01.09.2020 10:00, шаҳри Душанбе

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сардхонаи ҶДММ “Маркази савдои деҳқон”-ро мавриди баҳрбардорӣ қарор дода, аз намоиши кишоварзӣ дидан намуданд.

Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фирӯза Масиева бунёд гардида, барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маводи ғизоӣ имконияти васеъ дорад.

 
Хабарҳо
ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

Рӯзи 21-уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеъи Донишгоҳ «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар семоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид.
Дар ҷаласа ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, муовинон ва ёрдамчиёни ректор, деканҳо, муовинони деканҳо оид ба илм ва тарбия, мудирони кафедраҳо, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва роҳбарони дигар сохторҳо иштирок намуданд.

 
Хабарҳо

 

КОНФЕРЕНСИЯ. ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

 

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷамъбасти ҳафтаи илм, ки ҳамасола дар моҳи апрел дар партави Рӯзи илми тоҷик таҷлил мешавад, конференсия баргузор гардид.Муовини ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба корҳои имлӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин дар суханронии хеш дарҷ намуд, ки конфронси апрелӣ давоми як ҳафта дар ҳамаи кафедраҳои Донишгоҳ дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар ин мудддат 1026, аз ҷумла 548 маърӯзаи устодону кормандон, муҳаққиқону докторантони Ph.D ва 478 маърӯзаи донишҷӯёну магистрантон мавриди баррасӣ қарор дода

 


Страница 285 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj