• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Ифтитоҳи Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии

“Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе”

 

44.png - 124.90 Kb01.09.2020 09:59, шаҳри Душанбе

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Шералӣ Холов дар заминаи дастгирӣ аз ташаббусҳои давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

 
Хабарҳо

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР 15-УМИН НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ

Имрӯз роҳбарият, кормандон ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар 15-УМИН НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ, ки бахшида ба “Рӯзи пойтахт” баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ донишҷӯёни курси 2 ва 4-уми факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ ҷиҳати иштирок ва давидан ба масофаи 5 км бо “Сертификат”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва медали Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин Баротова Маҳина – донишҷӯйи курси 2-юми факултети физика сазовори ҷойи дуюм ва омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Донишгоҳ Одинаев Меҳроб соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.



 
Хабарҳо

ИН НАВБАТ МАҲФИЛ-ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ “МАҲОРАТ – 2025” МИЁНИ ДАСТАҲОИ “СУХАНВАР” ВА “РИЁЗИДОН” БАРГУЗОР ГАРДИД

Тибқи низомнома ва ҷадвали тасдиқгардидаи қисми тарбия дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар нимсолаи дуюми соли хониши 2024-2025 миёни дастаҳои донишҷӯёни факултетҳо маҳфил-озмуни донишгоҳии “Маҳорат-2025” роҳандозӣ гардидааст.
Раёсати Донишгоҳ бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғиби фарҳанги миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав имрӯз тибқи ҷадвали озмуни мазкур дар маҳфил-озмуни донишгоҳии “Маҳорат-2025” дастаи "Суханвари"-и факултети филологияи тоҷик бо дастаи "Риёзидон"-и факултети математика ва информатика иштирок намуда, байни ҳамдигар баҳри тамошонбинон аз рӯи шартҳои пешбинишуда, ҳунарнамоӣ намуданд.

 

 

Ифтитоҳи бинои нави “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар шаҳри Душанбе

 

43.png - 222.05 Kb01.09.2020 09:21, шаҳри Душанбе

1 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ башхида шуд.

Бинои нави Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» мебошад. Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расиданд.

 

 

 

Самар ҳар лаҳза мебахшад, ба боғи умр Истиқлол

Боз як «МАРКАЗИ ЗАХИРАВӢ» дар

назди факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳ гардид.

36.JPG - 137.25 KbФакултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ соли 1940 ташкил карда шуд. Аз он сол то ба имрӯз, садҳо хатмкардагони ин факултет дар соҳаҳои гуногуни соҳаи маорифи халқу кишвар меҳнати софдилона карда, барои ободиву пешрафти он саҳми арзанда гузоштанд. То ба имрӯз омӯзгорони зиёде дар ин факултет ба донишҷӯён дарс гуфта, онҳоро барои ба роҳи дуруст қадам гузоштан ва дар ҷодаи илм сарфароз гардидан раҳнамоӣ кардаанд.

 


Страница 286 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj